https://sputnik.tj/20241226/artishi-rusiya-ba-furudgohhoi-nizomii-ukraina-zarba-zad-1065675325.html
Артиши Русия ба фурудгоҳҳои низомии Украина зарба зад
Артиши Русия ба фурудгоҳҳои низомии Украина зарба зад
Sputnik Тоҷикистон
Артиши Русия чанд анбори аслиҳа ва фурудгоҳҳои низомӣ дар ҳудуди Украинаро мушакборон кард. Ҳамаи ҳадафҳо нобуд карда шуданд
2024-12-26T20:01+0500
2024-12-26T20:01+0500
2024-12-26T20:01+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
дар русия
амалиёти вижа
украина
зарба
фурудгоҳ
вазорати дифои русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/17/1065619913_0:191:3301:2048_1920x0_80_0_0_efd21c40a7d5ed59f065ffbc2fa724df.jpg
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Ба иттилои вазорати дифои Русия, ҷангандаҳо ва атӯпҳои артиши Русия ба зерсохтори фурудгоҳҳои низомӣ, анборҳои аслиҳа, нуқтаҳои идораи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва техникаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина зарба зада шуд.Ба иттилои манбаъ, зарбаҳо ба 143 минтақа зада шуд."Артиши Русия ба инфрасохтори фурудгоҳҳои низомӣ, анборҳои лавозимоти ҷангӣ, постгоҳҳои идоракунии ҳавопаймоҳои бесарнишин, инчунин анборҳои душман зарар расонида шуд. Нерӯҳо ва техникаи ҳарбӣ дар 143 минтақа нобуд карда шуд”, - омадааст дар изҳороти вазорати дифоъ.Падофанди ҳавоии Русия 11 мушаки мушакандози чандгонаи HIMARS-и истеҳсоли ИМА ва 56 паҳподро нобуд карданд.Дар маҷмӯъ аз оғози амалиёти вижаи низомӣ ба иттило вазорати дифоъ 650 ҳавопаймо, 283 чархбол, 38 595 паҳпод, 590 системаи мушакии зиддиҳавоӣ, 19 972 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 1504 мошини мушакандози чандгона, 20 010 тӯп ва хумпораандози саҳроӣ, 29 509 адад мошини махсуси ҳарбӣ нобуд карда шуд.Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
https://sputnik.tj/20241225/poksozii-viloyati-kursk-talafoti-artishi-ukraina-1065660216.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/17/1065619913_408:0:3139:2048_1920x0_80_0_0_de57702dd09c88a1f5df86e0f0305ccd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амалийти вижа, мушак, зарба, украина, фурудгоҳ, низомӣ, артиши русия
русия, амалийти вижа, мушак, зарба, украина, фурудгоҳ, низомӣ, артиши русия
Артиши Русия ба фурудгоҳҳои низомии Украина зарба зад
Артиши Русия чанд анбори аслиҳа ва фурудгоҳҳои низомӣ дар ҳудуди Украинаро мушакборон кард. Ҳамаи ҳадафҳо нобуд карда шуданд
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Ба иттилои вазорати дифои Русия, ҷангандаҳо ва атӯпҳои артиши Русия ба зерсохтори фурудгоҳҳои низомӣ, анборҳои аслиҳа, нуқтаҳои идораи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва техникаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина зарба зада шуд.
Ба иттилои манбаъ, зарбаҳо ба 143 минтақа зада шуд.
"Артиши Русия ба инфрасохтори фурудгоҳҳои низомӣ, анборҳои лавозимоти ҷангӣ, постгоҳҳои идоракунии ҳавопаймоҳои бесарнишин, инчунин анборҳои душман зарар расонида шуд. Нерӯҳо ва техникаи ҳарбӣ дар 143 минтақа нобуд карда шуд”, - омадааст дар изҳороти вазорати дифоъ.
Падофанди ҳавоии Русия 11 мушаки мушакандози чандгонаи HIMARS-и истеҳсоли ИМА ва 56 паҳподро нобуд карданд.
Дар маҷмӯъ аз оғози амалиёти вижаи низомӣ ба иттило вазорати дифоъ 650 ҳавопаймо, 283 чархбол, 38 595 паҳпод, 590 системаи мушакии зиддиҳавоӣ, 19 972 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 1504 мошини мушакандози чандгона, 20 010 тӯп ва хумпораандози саҳроӣ, 29 509 адад мошини махсуси ҳарбӣ нобуд карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.