https://sputnik.tj/20241225/poksozii-viloyati-kursk-talafoti-artishi-ukraina-1065660216.html
Поксозии вилояти Курск идома дорад: Талафоти артиши Украина наздик ба 44 ҳазор нафар расид
Поксозии вилояти Курск идома дорад: Талафоти артиши Украина наздик ба 44 ҳазор нафар расид
Sputnik Тоҷикистон
Ба гузориши Вазорати дифоъ, режими Киев дар тӯли тамоми набардҳо дар ин самт беш аз 43 ҳазору 740 сарбози худро аз даст доданд
2024-12-25T21:11+0500
2024-12-25T21:11+0500
2024-12-25T21:11+0500
амалиёти вижа
украина
русия
дар русия
артиши русия
талафот
вазорати дифоъи русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/0d/1065501615_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_450aaeaadeef35350a5ec9565a564637.jpg
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Воҳидҳои низомии Русия дар манотиқи марзии вилояти Курск дар як рӯз беш аз 230 сарбози нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд.Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар дод.Ба иттилои манбаъ, артиши Украина ҳамзамон ду тонк, ду мошини ҷангии пиёданизом, 3 худрав талаф дод."Дар давоми рӯз талафоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина беш аз 230 нафар низомиён, 2 тонк, 2 худрав ташкил додааст", - омадааст дар хабарнома.Дар ҳамин ҳол, Киев 255 танк, 194 худрави ҷангии пиёданизом, 136 нафарбари зиреҳпӯш, 1318 зиреҳпӯш, 1182 мошин, 324 тӯпхонаро талаф дод.Ҳамзамон душман дар ин самт, 42 системаи мушакӣ, аз ҷумла 11 HIMARS ва 6 MLRS истеҳсоли ИМА, 13 системаҳои зиддимушакии зиддиҳавоӣ, 7 мошини борбардор, 80 истгоҳи ҷанги электронӣ, ва ғайраро аз даст дод.Ба гузориши ин ниҳод, режими Киев дар тӯли тамоми набардҳо дар ин самт беш аз 43740 сарбози худро аз даст доданд."Амалиёти нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад", - таъкид мешавад дар паёми вазоратЁдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин."Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.
https://sputnik.tj/20241224/orban-guft-munoqisha-ukraina-khotima-1065635679.html
https://sputnik.tj/20241223/artishi-rusiya-deharo-donbass-ozod-1065628966.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/0d/1065501615_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_992d34693a6053cea3e642aeb14b1d20.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
киев, украина, русия, амалиёти вижа, талафот, артиш, набард, курск
киев, украина, русия, амалиёти вижа, талафот, артиш, набард, курск
Поксозии вилояти Курск идома дорад: Талафоти артиши Украина наздик ба 44 ҳазор нафар расид
Ба гузориши Вазорати дифоъ, режими Киев дар тӯли тамоми набардҳо дар ин самт беш аз 43 ҳазору 740 сарбози худро аз даст доданд
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Воҳидҳои низомии Русия дар манотиқи марзии вилояти Курск дар як рӯз беш аз 230 сарбози нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд.
Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, артиши Украина ҳамзамон ду тонк, ду мошини ҷангии пиёданизом, 3 худрав талаф дод.
"Дар давоми рӯз талафоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина беш аз 230 нафар низомиён, 2 тонк, 2 худрав ташкил додааст", - омадааст дар хабарнома.
Дар ҳамин ҳол, Киев 255 танк, 194 худрави ҷангии пиёданизом, 136 нафарбари зиреҳпӯш, 1318 зиреҳпӯш, 1182 мошин, 324 тӯпхонаро талаф дод.
Ҳамзамон душман дар ин самт, 42 системаи мушакӣ, аз ҷумла 11 HIMARS ва 6 MLRS истеҳсоли ИМА, 13 системаҳои зиддимушакии зиддиҳавоӣ, 7 мошини борбардор, 80 истгоҳи ҷанги электронӣ, ва ғайраро аз даст дод.
Ба гузориши ин ниҳод, режими Киев дар тӯли тамоми набардҳо дар ин самт беш аз 43740 сарбози худро аз даст доданд.
"Амалиёти нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад", - таъкид мешавад дар паёми вазорат
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.