https://sputnik.tj/20241225/suquti-havopaymo-dar-qazoqiston-1065646880.html
Суқути ҳавопаймо бо 72 нафар дар Қазоқистон
Суқути ҳавопаймо бо 72 нафар дар Қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймои ширкати ҳавоии Озарбойҷон, ки аз Боку ба самти шаҳри Грозний парвоз мекард, дар шаҳри Актау нишасти изтирорӣ анҷом дод
2024-12-25T15:32+0500
2024-12-25T15:32+0500
2024-12-25T15:32+0500
русия
дар русия
қазоқистон
озарбойҷон
нишасти изтирорӣ
суқути ҳавопаймо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/19/1065649892_0:92:705:489_1920x0_80_0_0_6f97352798bfcef5c35d7cbf65e1c57f.jpg
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавоии Озарбойҷон, ки аз Боку ба самти шаҳри Грозний парвоз мекард, дар Актау суқут кард.Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон хабар доданд.Ҳавопаймо аз Боку, ки ба самти шаҳри Грозний парвоз мекард, ба далели меғ (туман) аввал ба самти Махачкала ва сипас ба Актау равона шудааст.Имкон дорад яке аз сабабҳои суқути ҳавопаймо бархӯрд бо селаи паррандагон бошад, хабар медиҳад Sputnik Озарбойҷон.Дар дохили ҳавопаймои 72 нафар буд – 62 мусофир ва 5 узви экипаж.Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Қазоқистон, дар ҳавопаймо 37 шаҳрванди Озарбойҷон, 6 Қазоқистон, 3 Қирғизистон ва 16 шаҳрванди Русия ҳузур доштанд.Ситоди фаврии вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти охирин, 27 нафар наҷотёфтагони суқути ҳавопаймо, аз ҷумла 3 кӯдак ба муассисаҳои тиббӣ интиқол дода шудаанд.Сӯхторнишонҳо сӯхторро дар маҳалли суқути ҳавопаймо хомӯш карданд. Ҳоло дар ҷои ҳодиса пизишкон ва равоншиносони Маркази тиббии офати табиии Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон кор мекунанд."Экипаж соати 8:35 сигнали фалокат равон кард ва дар бораи корношоямии системаи идоракунӣ хабар доданд. Онҳо талош карданд бо режими direct mode нишасти изтирорӣ анҷом диҳанд. Мутаасифона ҳавопаймо ба замин бархурд", — гуфта мешавад дар ситодӣ фаврӣ.Тавре ки Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ хабар дод, пас аз бархӯрд бо паррандагон, ба далели вазъияти изтирорӣ дар дохили ҳавопаймо, командири ҳавопаймо тасмим гирифт, ба фурудгоҳи алтернативӣ парвоз намояд – Командир шаҳри Актауро интихоб кард.Тибқи иттилои вазорати нақлиёти Қазоқистон дар рӯйхати мусофирон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоштанд.Дар ҳоли ҳозир фурудгоҳи Актау то соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ баста аст.Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев аз нишасти ғайрирасмии ИДМ ба далели суқути ҳавопаймо аз Русия ба Боку баргашт.
https://sputnik.tj/20240812/rahmon-prezident-braziliya-noma-tasliyat-irsol-1063898463.html
русия
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/19/1065649892_0:0:652:489_1920x0_80_0_0_5204760996216ab0122c8f8385fd678d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, суқут, ҳавопаймо, озарбойҷон, нишасти изтирорӣ, русия
қазоқистон, суқут, ҳавопаймо, озарбойҷон, нишасти изтирорӣ, русия
Суқути ҳавопаймо бо 72 нафар дар Қазоқистон
Ҳавопаймои ширкати ҳавоии Озарбойҷон, ки аз Боку ба самти шаҳри Грозний парвоз мекард, дар шаҳри Актау нишасти изтирорӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавоии Озарбойҷон, ки аз Боку ба самти шаҳри Грозний парвоз мекард, дар Актау суқут кард.
Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон хабар доданд.
Ҳавопаймо аз Боку, ки ба самти шаҳри Грозний парвоз мекард, ба далели меғ (туман) аввал ба самти Махачкала ва сипас ба Актау равона шудааст.
Имкон дорад яке аз сабабҳои суқути ҳавопаймо бархӯрд бо селаи паррандагон бошад, хабар медиҳад Sputnik Озарбойҷон.
Дар дохили ҳавопаймои 72 нафар буд – 62 мусофир ва 5 узви экипаж.
Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Қазоқистон, дар ҳавопаймо 37 шаҳрванди Озарбойҷон, 6 Қазоқистон, 3 Қирғизистон ва 16 шаҳрванди Русия ҳузур доштанд.
Ситоди фаврии вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти охирин, 27 нафар наҷотёфтагони суқути ҳавопаймо, аз ҷумла 3 кӯдак ба муассисаҳои тиббӣ интиқол дода шудаанд.
Сӯхторнишонҳо сӯхторро дар маҳалли суқути ҳавопаймо хомӯш карданд. Ҳоло дар ҷои ҳодиса пизишкон ва равоншиносони Маркази тиббии офати табиии Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон кор мекунанд.
"Экипаж соати 8:35 сигнали фалокат равон кард ва дар бораи корношоямии системаи идоракунӣ хабар доданд. Онҳо талош карданд бо режими direct mode нишасти изтирорӣ анҷом диҳанд. Мутаасифона ҳавопаймо ба замин бархурд", — гуфта мешавад дар ситодӣ фаврӣ.
Тавре ки Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ хабар дод, пас аз бархӯрд бо паррандагон, ба далели вазъияти изтирорӣ дар дохили ҳавопаймо, командири ҳавопаймо тасмим гирифт, ба фурудгоҳи алтернативӣ парвоз намояд – Командир шаҳри Актауро интихоб кард.
Тибқи иттилои вазорати нақлиёти Қазоқистон дар рӯйхати мусофирон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоштанд.
Дар ҳоли ҳозир фурудгоҳи Актау то соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ баста аст.
Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев аз нишасти ғайрирасмии ИДМ ба далели суқути ҳавопаймо аз Русия ба Боку баргашт.