https://sputnik.tj/20241225/rusiya-tojikiston-loihai-khushai-sanoatiro-rohandozi-khohad-kard-1065651969.html
Русия дар Тоҷикистон лоиҳаи хушаи саноатиро роҳандозӣ хоҳад кард
Русия дар Тоҷикистон лоиҳаи хушаи саноатиро роҳандозӣ хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири саноат ва савдои Русия аъхиран эълон кард, ки Тоҷикистону Русия ҳамкориҳо дар бахши саноатро тақвият хоҳанд бахшид
2024-12-25T19:59+0500
2024-12-25T19:59+0500
2024-12-25T19:59+0500
дар тоҷикистон
русия
саноат
ҳамкорӣ
тақвият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/19/1065651677_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_b427db8ef1babcd3739b143eaa9cc709.jpg
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Вазорати саноат ва савдои Русия имкони ифтитоҳи хушаи саноатӣ дар Тоҷикистонро меомӯзад, гуфт вазири саноат ва савдои Русия Антон Алиханов дар мусоҳиба бо РИА “Новости”."Дар ҳоли ҳозир лоиҳаи ифтитоҳи хушаи саноатӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Яке аз бартариҳои ин лоиҳа аз ҷониби Русия ин идоракунии иншооти мазкур хоҳад буд", - қайд кард Алихонов.Вай афзуд, корхонаҳои саноати сабук, маҷмааи кимиё, мошинсозӣ ва ҳамчунин тавлиди таҷҳизоти барқии Русия барои пайвастан ба хушаи саноатии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд.“Мо инчунин бо шарикони тоҷики худ дар бораи низомҳои махсуси андозбандӣ барои соҳибкоронро мувофиқа кардем”, - гуфт ӯ.Аз рӯйи натиҷаҳои соли равон Русия ҳамоно шарики асосии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Гардиши мол байни ду давлат 19,8% афзун гардида, ҳаҷми он ба 1,79 миллиард доллари амрикоӣ баробар шудааст.
https://sputnik.tj/20241225/rahmon-putin-tojikiston-hamkori-rusiya-qanoatbakhsh-1065644552.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/19/1065651677_262:0:2993:2048_1920x0_80_0_0_3e1fe93f0ad7132be3fb3f932e6a3359.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тоҷикистон, саноат, ҳамкорӣ, равобит, тақвият, алиханов
русия, тоҷикистон, саноат, ҳамкорӣ, равобит, тақвият, алиханов
Русия дар Тоҷикистон лоиҳаи хушаи саноатиро роҳандозӣ хоҳад кард
Вазири саноат ва савдои Русия аъхиран эълон кард, ки Тоҷикистону Русия ҳамкориҳо дар бахши саноатро тақвият хоҳанд бахшид
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Вазорати саноат ва савдои Русия имкони ифтитоҳи хушаи саноатӣ дар Тоҷикистонро меомӯзад, гуфт вазири саноат ва савдои Русия Антон Алиханов дар мусоҳиба бо РИА “Новости”.
"Дар ҳоли ҳозир лоиҳаи ифтитоҳи хушаи саноатӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Яке аз бартариҳои ин лоиҳа аз ҷониби Русия ин идоракунии иншооти мазкур хоҳад буд", - қайд кард Алихонов.
Вай афзуд, корхонаҳои саноати сабук, маҷмааи кимиё, мошинсозӣ ва ҳамчунин тавлиди таҷҳизоти барқии Русия барои пайвастан ба хушаи саноатии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд.
“Мо инчунин бо шарикони тоҷики худ дар бораи низомҳои махсуси андозбандӣ барои соҳибкоронро мувофиқа кардем”, - гуфт ӯ.
Аз рӯйи натиҷаҳои соли равон Русия ҳамоно шарики асосии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Гардиши мол байни ду давлат 19,8% афзун гардида, ҳаҷми он ба 1,79 миллиард доллари амрикоӣ баробар шудааст.