Дидори ғайрирасмии сарони ИДМ: видео

Обуна шудан
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар шаҳри Санкт-Петербург дидори анъанавии ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ-ро пеш аз соли нав баргузор мекунад
Мулоқот дар арафаи Соли нав миёни сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба як анъана табдил ёфтааст.
Тавре ёвари президенти Русия Юрий Ушаков хабар дод, Путин дар ин дидор натоиҷи раёсати Русия дар ИДМ дар соли 2024-ро ҷамъбаст мекунад ва пас аз он сарони кишварҳо дар як фазои ғайрирасмӣ мулоқот хоҳанд кард.
Имсол Русия раёсати ин иттиҳодияро бар ӯҳда дошт ва соли оянда ин масъулият ба Тоҷикистон мегузарад.
Путин: Тоҷикистон муттаҳиди қобили эътимод барои Русия аст
Ҳамчунин дар назар аст, ки дар ҷараёни ин баҳс раҳбарони кишварҳои ИДМ ба масъалаи омодагӣ ба таҷлили 80-умин солгарди Ғалаба дар соли 2025-ро низ баррасӣ кунанд.
Ҳамаи онҳо қаблан даъватнома гирифта буданд, ки рӯзи 9 май барои ҷашн ба Маскав биёянд.
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, ки ба далели санҷиши мусбӣ ба Ковид, аз ин нишаст худдорӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0