Меғу тарма мефарояд: Ҳушдори обуҳавошиносони тоҷик

© SputnikУлица в Душанбе
Улица в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2024
Обуна шудан
Агентии обуҳавошиносӣ мегӯяд давоми рӯзҳои оянда аз санаи 25 то 28-уми декабр дар кишвар анбуҳи тормеғ ва пайдоиши қирав ҳамчунин туман дар назар аст
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Агентии обуҳавошиносӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки пагоҳ дар водиҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бадшавии дурии биниш то 100 метрро ташкил медиҳад.
“Бинобар сабаби омилҳои номусоиди метеорологӣ (тормеғ, норасоии шамол, инверсияи ҳароратӣ, ворид гардидани ҳавои ғуборолуд аз қисмати минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ), ки боиси ҷамъшавии моддаҳои ифлоскунандаи ҳаво ва мусоидат накардан ба парокандашавии моддаҳои таркиби ҳаво мегардад, то санаи 28 декабри соли ҷорӣ баланд будани ҳолати ифлосшавии ҳаво дар вилояти Хатлон, водиҳои Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе аз зарачаҳои андозаашон то 2,5 мкр (Рм-2,5) ва 10 мкр (Рм-10) дар назар аст” – иброз доштанд.
Ҳамчунин обуҳавошиносон мегӯянд хавфи фаромандани тарма дар баъзе минтақаҳои куҳии вилояти Суғд аз қабили шоҳроҳи автомобилгардӣ Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ва ғарби ВМКБ, боқӣ мемонад.
Загрязнение воздуха в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2024
Коршиносон гуфтанд, ҳавои Душанбе чаро якбора олуда шуд
Маврид ба зикр аст, ки сар аз санаи 23-уми декабр дар шаҳри Душанбе туман фаромада ҳатто боиси ба таваққуф гузоштани якчанд парвозҳо аз фурудгоҳи Душанбе, гардид.
Бояд гуфт санаи 23-уми декабр дурии биноиш дар шаҳри Душанбе аз 5 то 20 метрро ташкил медод.
Лентаи хабарҳо
0