Коршиносон гуфтанд, ҳавои Душанбе чаро якбора олуда шуд

© SputnikЗагрязнение воздуха в Душанбе
Загрязнение воздуха в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2024
Обуна шудан
Тайи як ҳафтаи охир индекси сифати ҳаво дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба якборагӣ боло рафт
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Ҳар як шахс метавон бо нигоҳ кардан ба берун ин ҳолатро мушоҳида намояд. Чун дар натиҷаи баланд шудани нишондиҳандаи сатҳи сифати ҳаво ҳавои шаҳр ғуборолуд гаштааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур Сангин Самиев корманди Агентии обуҳавошиносӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки бинобар сабаби якбора сард гаштани қабати поёнии ҳаво ва будани гармӣ дар қабати болоии ҳаво чунин ҳолат ба вуҷуд омадааст.
Ба гуфтаи вай, ҳолати мазкурро инверсияи ҳаво низ меноманд.
“Сабаби баланд будани сатҳи ифлосии ҳаво давоми як ҳафтаи охир дигаргун шудани ҳарорати ҳаво, ки дар натиҷа инверсияи ҳароратиро ба вуҷуд меорад. Қабати болоӣ ҳаво гарм ва қабати поёнӣ бошад сард мешавад, ки ин боиси суст шудани парокандашавии газҳо ва моддаҳои зараровар аз ҳаво мегардад. Яъне серкулятсия шудани ҳаво кам ба амал омадааст. Аз ҳамин сабаб ҳолати ифлосшавии ҳаво бештар гардид” - иброз дошт Самиев.
Коршиноси масоили экологӣ Икром Мамадов мегӯяд ифлосшавии ҳаво на танҳо дар Душане балки дар аксари манотиқи кишвар ба назар мерасад.
Автомобильная дорога, ведущая к городу Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2024
Эҳтимоли фаромадани тармаву сангрезӣ дар роҳҳо: Ҳушдори вазорат нақлиёт ба ронандагон
Ӯ низ яке аз сабабҳои ифлосшавии ҳаворо дар тағйирёбии ҳарорати ҳаво мебинад.
“Яке аз сабабҳои дигар ин фаромадани туман мебошад, ки баъзе аз датчикҳои ҳавосанҷӣ намнокиро тариқи туманҳо ҳис намуда ҳамчун ифлосшавии ҳаво нишон медиҳанд. Ин метавонад тақрибан то 30 фоиз нишондиҳандаи сатҳи сифати ҳаворо зиёд нишон диҳад. Агар дар ҳамон ҳолат туман бошад” – иброз дошт Икром Мамадов.
Бояд гуфт, ки ифлосшавии сатҳи сифати ҳаво аз ҳама бештар санаи 17-уми декабр дар пойтахти кишвар ба қайд гирифта шуд. Ба гуфтаи Сангин Самиев дар ин рӯз хусусан соати 12-и рӯз ин нишондиҳандаи сифати ҳаво 607 микрограмро дар бар мегирифт, ки ин баробар ба 1061 индекси сифати ҳаво рост меояд.
Дар ҳамин баробар меъёри тавсиявии нишондиҳандаи индекси сифати ҳаво дар кишвар ва Осиёи Марказӣ қабулшуда дар як метри 35 микрограммро ташкил медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки соати 12-и рӯзи 17-уми декабр нишондиҳандаи сифати ҳаво 17 баробар зиёд аз меъёри қабулшуда буд.
Ба гуфтаи Икром Мамадов омили дигаре, ки метавонад боисӣ зиёд шудани ифлосшавии сатҳи ҳаво гардад воситаҳои нақлиёт мебошад. Чун бо фаро расидани сардиҳо воситаҳои нақлиёт сӯзишвориро бисёртар масраф мекунанд, ки дар натиҷа ин ҳолат ба ифлос намудани сатҳи сифати ҳаво оварда мерасонад.
Ҳолати дигар ин корхонаҳои саноатӣ низ буда метавонанд, ки ҳангоми сардиҳо бештар гармиро талаб мекунанд. Барои бо гарми таъмин намудан албатта маводи сӯзанда бисёртар истифода мегардад.
Последствия ливней в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2024
Қурбониҳову зарар: Эълони паёмадҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон
“Дар ҳамин баробар хонаҳои истиқоматӣ ё худ шаҳрвандон низ метавонанд дар бештар шудани сатҳи ифлосии ҳаво саҳм дошта бошанд. Чун атрофи Душанберо манзилҳои истиқоматӣ иҳота намудаанд, ки соҳибони ин манзилҳо барои гарм кардани манзилашон ва омода намудани хӯрок бештар аз маводҳои сӯзишворӣ аз қабили ангишту дигар намуди сӯзишвориҳо истифода мебаранд.
Ин ҳама омилҳои зикр гардида метавонанд дар якҷоягӣ боиси баланд шудани нишондиҳандаи индекси сифати ҳаво давоми як ҳафтаи охир гашта бошанд” – гуфт Мамадов.
Сангин Самиев низ гуфтаҳои болоро тасдиқ намуда вале мегӯяд, ки дар мо низ манбаъҳои ифлоскунандаи ҳаво мавҷуд ҳастанд вале на ба он сатҳе, ки шаҳри Душанбе яке аз шаҳрҳои ифлостарин дохил шавад.
Бояд қайд намуд, чанд сол мешавад сафорати Амрико дар Душанбе як асбоби ченкунакӣ сатҳи сифати ҳаворо насб намудаст ва аксаран барои таҳлил маълумотро аз ҳамонҷой мегиранд. Вале бояд якчиро қайд гуфт, ки ин асбоби ченкуни дар наздикии корхонаи нассоҷи ва шабакаҳои гармидиҳии рақами 1 ҷойгир аст.
Аз ҳамин сабаб мо наметавонем бо такя ба ин маълумотҳо дар бораи вазъи ҳавои пойтахти мамлакат хулоса барорем.
Як сол қабл агентии обӯҳавошиносӣ дар се нуқтаи дигари шаҳр асбобҳои ченкунакӣ сифати ҳаворо насб намуд.
Лентаи хабарҳо
0