Дар Хатлон гӯшту шир арзон мешавад? Мақомот аз афзоиши истеҳсоли ин маҳсулотҳо хабар дод

© Sputnik / Амир ИсаевТорговля на рынке Мехргон
Торговля на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2024
Обуна шудан
Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон дар давоми 11 моҳи соли равон истеҳсоли гӯшт ва шир дар вилоят ба таври назаррас афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон Давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Хатлон 202,2 ҳазо тонна гӯшт, 507,1 ҳазор тонна шир истещсол гардидааст.
Ҳамчунин дар вилоят дар ин давра 166,3 миллион дона тухм, 5593 тонна пашм, 1160 тонна асал ва 3350 тонна моҳӣ истеҳсол гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли ин номгӯи маҳсулот дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта аз 1,4 то 39,6 банди фоизиро ташкил дод.
Мувофиқи омори расмӣ, ба ҳолати 1 декабри соли равон дар вилоят барои солиму беталаф баровардани чорво аз давраи зимистони солҳои 2024-2025 дар шаҳру ноҳияҳо ҳамагӣ 1,3 миллион тонна захираи хошоки дурушт, аз ҷумла 518,3 ҳазор тонна хасбеда, 55,5 ҳазор тонна тарбеда, 702,2 ҳазор тонна коҳ ва 41,1 ҳазор тонна хӯроки ширадор, баробар ба 107% дурнамо, захира карда шудааст.
Қайд карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли пешин 47,3 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Давлатали Саид, глава Хатлонской области Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2024
Бештари сармоя ба вилояти Хатлон аз Русия, Чин ва Эрон ворид шудааст
Ёдовар мешавем, ки то 1 октябри соли 2024 дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии қишлоқи вилояти Хатлон дар майдони 434 ҳазор гектар ғалла, пахта, сабзавот ва картошка кошта шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон дар 9 моҳ 28,3 млрд сомониро ташкил дод.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Агентии омор давоми нуҳ моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон дар ҳаҷми қариб 52 млрду 280,5 сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст.
Дар ин давра ҳиссаи вилояти Хатлон дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 60%-ро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсол ба 11 миллиарду 953,7 миллион сомонӣ ё 111,5% баробар гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0