https://sputnik.tj/20241224/latifzoda-digarbora-raisi-hizbi-agrarii-tojikiston-intikhob-shud-1065633432.html
Латифзода дигарбора раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон интихоб шуд
Латифзода дигарбора раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон интихоб шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Анҷуман бо овоздиҳии якдилонаи вакилони ҳизбӣ Рустам Латифзода аз нав раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон интихоб гардид
2024-12-24T14:21+0500
2024-12-24T14:21+0500
2024-12-24T14:21+0500
интихобот
парлумон
дар тоҷикистон
сиёсат
рустам латифзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/18/1031784941_0:56:3000:1744_1920x0_80_0_0_7df8459ea382f9a19a93a14fec505940.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Душанбе Анҷумани IX Ҳизби аграрии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.Ба иттилои дар кори анҷуман вакилон аз кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб иштирок намуданд.Дар анҷумани ҳизб, аз ҷумла масъалаҳо вобаста ба фаъолияти ҳизб, иштироки Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, интихоби Раис ва ҳайати Кумитаи марказии Ҳизби аграрии Тоҷикистон, пешбарии номзадҳо ба вакили парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва барномаи пешазинтихоботии Ҳизби аграрии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.Ҳамчунин дар ин ҷаласа бо ҷонибдории вакилони Анҷуман Рустам Латифзода бори дигар Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон интихоб шуд.Вакилони анҷуман баъди баррасии масъалаи пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии 13 аъзои фаъоли ҳизб ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 4 декабр фармон дар бораи гузоронидани интихоботи парлумониро имзо кард.Тибқи ин санад, интихоботи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъин шудааст.Тибқи Қонун "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" худи ҳамон рӯз интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор мешавад.Интихоботи вакилони даъвати нави палатаи болоии порлумони Тоҷикистон рӯзи 28 март таъин шудааст.Палатаи поёнии парлумон аз 63 вакил иборат аст, ки аз онҳо 41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ва 22 нафари дигар аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб мешаванд.Палатаи болоӣ аз 33 нафар иборат аст. 25 нафари онҳоро порлумонҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ интихоб мекунанд, 8 нафари дигарро раисиҷумҳури кишвар таъйин мекунанд.Мӯҳлати ваколатҳои парлумони Тоҷикистон 5 сол аст. Интихоботи қаблӣ ба ҳарду палатаи мақоми олии қонунгузор моҳи марти соли 2020 баргузор шуда буд.
https://sputnik.tj/20241223/kmir-tartibi-ishtiroki-nozironi-baynalmilali-intikhobot-tasdiq-1065622970.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/18/1031784941_294:0:2961:2000_1920x0_80_0_0_79e7c8530124279954f858181eaec455.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳизби аграрӣ, интихоб, раис, сиёсат, парлумон, рустам латифзода
тоҷикистон, ҳизби аграрӣ, интихоб, раис, сиёсат, парлумон, рустам латифзода
Латифзода дигарбора раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Анҷуман бо овоздиҳии якдилонаи вакилони ҳизбӣ Рустам Латифзода аз нав раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Душанбе Анҷумани IX Ҳизби аграрии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Ба иттилои дар кори анҷуман вакилон аз кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб иштирок намуданд.
Дар анҷумани ҳизб, аз ҷумла масъалаҳо вобаста ба фаъолияти ҳизб, иштироки Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, интихоби Раис ва ҳайати Кумитаи марказии Ҳизби аграрии Тоҷикистон, пешбарии номзадҳо ба вакили парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва барномаи пешазинтихоботии Ҳизби аграрии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин дар ин ҷаласа бо ҷонибдории вакилони Анҷуман Рустам Латифзода бори дигар Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон интихоб шуд.
Вакилони анҷуман баъди баррасии масъалаи пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии 13 аъзои фаъоли ҳизб ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 4 декабр фармон дар бораи гузоронидани интихоботи парлумониро имзо кард.
Тибқи ин санад, интихоботи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъин шудааст.
Тибқи Қонун "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" худи ҳамон рӯз интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор мешавад.
Интихоботи вакилони даъвати нави палатаи болоии порлумони Тоҷикистон рӯзи 28 март таъин шудааст.
Палатаи поёнии парлумон аз 63 вакил иборат аст, ки аз онҳо 41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ва 22 нафари дигар аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб мешаванд.
Палатаи болоӣ аз 33 нафар иборат аст. 25 нафари онҳоро порлумонҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ интихоб мекунанд, 8 нафари дигарро раисиҷумҳури кишвар таъйин мекунанд.
Мӯҳлати ваколатҳои парлумони Тоҷикистон 5 сол аст. Интихоботи қаблӣ ба ҳарду палатаи мақоми олии қонунгузор моҳи марти соли 2020 баргузор шуда буд.