Идораи рӯҳонии мусалмонони Русия фатвои бисёрзаниро бекор кард

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкДевушки мусульманки, архивное фото
Девушки мусульманки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2024
Обуна шудан
Идораи рӯҳонии мусалмонони Русия, ки қаблан то чаҳор издивоҷро иҷозат дода буд, пас аз изҳороти Додситонии кулл ин фатворо лағв кард
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Идораи рӯҳонии мусалмонони Русия фатвои иҷозаи бисёрзанӣ барои мусалмононро лағв кардааст.
Дар ин бора аз паёми худ дар шабакаи Telegram-и худ раиси Идора Шамил Аляутддинов хабар додааст.
Ин тасмим пас аз вокуниши Додситонии кулли Русия гирифта шудааст. Ин ниҳод ба раиси рӯҳонии мусалмонони Русия Равил Гайнутдинов ба далели гуфтаҳои ӯ дар бораи иҷозаи бисёрзанӣ пешниҳоди додситонӣ ирсол кардааст.
"Хулосаи мазҳабии Идораи рӯҳонии мусалмонони Русия, хилофи қонунгузории ҷорӣ ва асосҳои сиёсати давлатии оилавӣ дар самти ҳифз ва таҳкими арзишҳои анъанавии маънавию ахлоқии мардуми рус аст", — менависад хабаргузории РИА “Новости” дар истинод ба як манбаъ аз Додситонии кулл.
Илова бар ин, прокуратура ёдовар шуд, ки Кодекси оилаи Русия дар сурате, ки яке аз шаҳрванд аллакай издивоҷ карда бошад ҳуқуқи боз издивоҷ карданро надорад.
Таджикские женщины на улице  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2024
"Тангу сиёҳу ҳарир" тавсия нест: Фатвои Шӯрои уламо дар бораи либоси миллӣ
Ҳамчунин, дар идома Додситонии кулл таъкид кардааст, ки дар Қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" омадааст, ки созмонҳои динӣ тибқи муқаррароти дохилии худ фаъолият мекунанд, агар онҳо хилофи қонунгузории Русия набошанд.
Дар ин робита Идораи рӯҳонии мусалмонони Русия тасмим гирифт, ки фатворо бозпас бигирад, то “ба баҳс ворид нашавад”.
"Идораи рӯҳонии мусалмонони Русия дар робита ба маълумоте, ки дар ВАО нашр шуд, ки Додситонии кулли Русия хостори лағви фатвои бисёрзанӣ шудааст, фатворо бозпас мегирад", - омадааст дар паёми Шамил Аляутддинов.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Идораи рӯҳонии мусалмонони Русия фатвоеро қабул карда буд, ки ба мусалмонони Русия иҷоза дод, то 4 издивоҷи мазҳабӣ анҷом диҳанд.
Ин фатво дар ҷомеаи Русия ба вокуниши зиёде ба борт овард. Як қисми сиёсатмадорон ва арбобони ҷамъиятӣ аз ин фатво интиқод карданд.
Лентаи хабарҳо
0