https://sputnik.tj/20240728/tang-siyoh-harir-tavsiya-nest-fatvo-shuro-ulamo-libos-1063697314.html
"Тангу сиёҳу ҳарир" тавсия нест: Фатвои Шӯрои уламо дар бораи либоси миллӣ
"Тангу сиёҳу ҳарир" тавсия нест: Фатвои Шӯрои уламо дар бораи либоси миллӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ниҳоди динии кишвар мегӯяд, пӯшидани либосҳои танг ва сиёҳи занона, ҳарир ва дигаре, ки узвҳои баданро намоён мекунанд, тавсия дода намешавад
2024-07-28T14:48+0500
2024-07-28T14:48+0500
2024-07-29T12:09+0500
дар тоҷикистон
шӯрои уламо
судури фатво
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/71/1029257148_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_34c4187594a498c435a809be1655712a.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Шӯрои уламои Тоҷикистон пас дар бораи либоси миллии ҷавобгӯ ба талаботи исломӣ фатво содир кард.Ин ниҳоди динии кишвар мегӯяд, посухи расмӣ дар пайи баҳсҳо атрофи чигунагии сарулибоси миллии ҷавобгӯ ба сатри мусулмонӣ, ки дар ҷомеа фикру андешаҳои гуногун ва мулоҳизаҳои беасосро ба бор овард, ироа шуд. Дар матни фатво нахуст дар бораи худи пӯшиш аз Қуръон иқтибос шудааст, ки чунин мебошад: "Аврати мард аз зери ноф то зери зону, зан бошад ғайр аз рўй, пой ва даст аврат аст".Тибқи фатвои Шӯро, бар асоси муқаррароти шариати исломӣ ва мазҳаби ҳанафӣ пӯшиши (сатри) зан бояд аз рўймол, курта ва пойҷома иборат бошад, ки модарони тоҷик аз қадимулайём онро ба бар мекунанд.Ҳамчунин таъкид мешавад, ки дини мубини Ислом вобаста ба пӯшидани либос муқаррароти хос дорад, аммо дар шакли дӯхт ё ранги либос маҳдудият муқаррар накардааст. "Бинобар ин, пӯшидани либосҳои рангаи миллӣ дар мазҳаби мо ҷоиз аст. Аммо пӯшидани либосҳои танг ва сиёҳи занона, ҳарир ва дигаре, ки узвҳои баданро намоён мекунанд, тавсия дода намешавад, зеро ранги сиёҳ аз назари мазҳаби мо ҳатмӣ набуда, бо хусусиятҳои миллӣ ва шароити ҷуғрофии мо низ созгор нест",- омадааст дар фатво.Ин ниҳод ба бонувони Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ либосҳои бо тарҳи миллӣ омодашударо, ки фарогири меъёрҳои ахлоқию динӣ буда, ҳаёву иффати Зан-Модарро инъикос менамоянд ва ба ахлоқу одоби исломӣ мувофиқ мебошанд, ба бар кунанд.Таъкид мешавад, ки бо мақсади ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва риояи одоби динию мазҳабӣ ва миллӣ сокинон аз пӯшидани ҳар гуна либосҳои ба фарҳангу мазҳабу миллати мо бегона ва ғайриахлоқӣ, ки бо ҳадафҳои ғаразнок тарғиб мешаванд, худдорӣ намоянд.Ба гуфтаи ин ниҳод, дар урфу таомули мардумӣ занону модарони тоҷик, тайи садсолаҳо либосҳое мепўшиданд ва мепўшанд, ки ба талаботи шариат ҷавобгў буда, дар онҳо одату унсурҳои маҳаллӣ ва хусусиятҳои табиату ҷуғрофӣ ба эътибор гирифта шудаанд.
https://sputnik.tj/20240621/hijob-idgardak-tojikiston-rasman-man-rahmon-qonun-imzo-1063286677.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/71/1029257148_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_e8586a60b463c46e8e5fb49db30006d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
танг сиёҳ ҳарир тавсия фатвои шӯрои уламо либос миллӣ
танг сиёҳ ҳарир тавсия фатвои шӯрои уламо либос миллӣ
"Тангу сиёҳу ҳарир" тавсия нест: Фатвои Шӯрои уламо дар бораи либоси миллӣ
14:48 28.07.2024 (Навсозишуда: 12:09 29.07.2024) Ниҳоди динии кишвар мегӯяд, пӯшидани либосҳои танг ва сиёҳи занона, ҳарир ва дигаре, ки узвҳои баданро намоён мекунанд, тавсия дода намешавад
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Шӯрои уламои Тоҷикистон пас дар бораи либоси миллии ҷавобгӯ ба талаботи исломӣ фатво содир кард.
Ин ниҳоди динии кишвар мегӯяд, посухи расмӣ дар пайи баҳсҳо атрофи чигунагии сарулибоси миллии ҷавобгӯ ба сатри мусулмонӣ, ки дар ҷомеа фикру андешаҳои гуногун ва мулоҳизаҳои беасосро ба бор овард, ироа шуд.
Дар матни фатво нахуст дар бораи худи пӯшиш аз Қуръон иқтибос шудааст, ки чунин мебошад: "Аврати мард аз зери ноф то зери зону, зан бошад ғайр аз рўй, пой ва даст аврат аст".
Тибқи фатвои Шӯро, бар асоси муқаррароти шариати исломӣ ва мазҳаби ҳанафӣ пӯшиши (сатри) зан бояд аз рўймол, курта ва пойҷома иборат бошад, ки модарони тоҷик аз қадимулайём онро ба бар мекунанд.
"Либосҳои миллии анъанавии модарону хоҳарони тоҷик, ки аз рўймол, курта ва пойҷома иборат аст, комилан ба талаботи мазҳаби ҳанафӣ ҷавобгў мебошад. Аз ин хотир, пӯшидани либоси миллии мо дар фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ иҷозат буда, нисбат ба ҳар навъи либоси дигар афзалият дорад",- омадааст дар матни фатвои Шӯро .
Ҳамчунин таъкид мешавад, ки дини мубини Ислом вобаста ба пӯшидани либос муқаррароти хос дорад, аммо дар шакли дӯхт ё ранги либос маҳдудият муқаррар накардааст.
"Бинобар ин, пӯшидани либосҳои рангаи миллӣ дар мазҳаби мо ҷоиз аст. Аммо пӯшидани либосҳои танг ва сиёҳи занона, ҳарир ва дигаре, ки узвҳои баданро намоён мекунанд, тавсия дода намешавад, зеро ранги сиёҳ аз назари мазҳаби мо ҳатмӣ набуда, бо хусусиятҳои миллӣ ва шароити ҷуғрофии мо низ созгор нест",- омадааст дар фатво.
Ин ниҳод ба бонувони Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ либосҳои бо тарҳи миллӣ омодашударо, ки фарогири меъёрҳои ахлоқию динӣ буда, ҳаёву иффати Зан-Модарро инъикос менамоянд ва ба ахлоқу одоби исломӣ мувофиқ мебошанд, ба бар кунанд.
Таъкид мешавад, ки бо мақсади ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва риояи одоби динию мазҳабӣ ва миллӣ сокинон аз пӯшидани ҳар гуна либосҳои ба фарҳангу мазҳабу миллати мо бегона ва ғайриахлоқӣ, ки бо ҳадафҳои ғаразнок тарғиб мешаванд, худдорӣ намоянд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, дар урфу таомули мардумӣ занону модарони тоҷик, тайи садсолаҳо либосҳое мепўшиданд ва мепўшанд, ки ба талаботи шариат ҷавобгў буда, дар онҳо одату унсурҳои маҳаллӣ ва хусусиятҳои табиату ҷуғрофӣ ба эътибор гирифта шудаанд.