Муҷоҳид: Тоҷикистон мутмаин бошад ҳеҷ таҳдиде аз сӯйи Афғонистон вуҷуд надорад

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкЗабиулла Муджахид, Представитель движения "Талибан"
Забиулла Муджахид, Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2024
Обуна шудан
Сухангӯи ҳукумати Толибон* ахиран дар як нишаст дар бораи беҳбуд равобити Афғонистон ва Тоҷикистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Сухангуии ҳукумати Толибон* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ахиран гуфт, ки Аморати исломӣ тавонист, ки кишварҳои зиёдиро қонеъ бисозад ки Афғонистони ҷой амн аст.
Вай гуфт, ки равобити ҳукумати сарпараст бо кишварҳои ҷаҳон дар ҳол беҳбуд аст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид қайд кард, ки ҳукумати Толибон* талошт хоҳад кард, ки кишварҳо ҳеҷ шаку тардидии нисбат ба Афғонистон надошта бошанд.
“Шакҳоиро ки ҳам доранд ва эҳсос мекунанд, бояд марфӯъ сохта шавад”, - гуфт оқои Муҷоҳид.
Вай илова кард, ки Аморати исломии Афғонистон тавонист, ки кишварҳои зиёдиро қонеъ бисозад, ки Афғонистон ҷой амн аст ва ҳеҷ хатаре аз хоки Афғонистон ба кишварҳо мувоҷеҳ нест ва Тоҷикистони ҳам бояд аз ин ноҳия мутмаин бошад.
Исполняющий обязанности министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения Талибан (террористическая организация, запрещенная на территории РФ) Амир Хан Муттаки (в центре) на VI заседании московского формата консультаций по Афганистану. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2024
Толибон* дар мубориза бо терроризм аз кишварҳои ҳамсоя кумак хостанд
Ба гуфтаи Муҷоҳиди равобит ва таъомулот бо Тоҷикистон низ беҳбуд ёфт ва ҳеҷ таҳдиде аз сӯйи Афғонистони алайҳи ин кишвар вуҷуд надорад.
Чанде пеш расонаҳо хабар доданд, ки ахиран сифорати Арабистони Саъудӣ дар Кобул аз оғоз ба кори муҷаддади ин намояндагӣ ва ироаи хадамот ба атбоъи Афғонистон хабар додааст.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0