https://sputnik.tj/20230528/anjomi-ovozdihi-turkiya-hisobi-varaqa-oghoz-1057407944.html
Эълони КМИР: барандаи интихоботи президентии Туркия маълум шуд
Эълони КМИР: барандаи интихоботи президентии Туркия маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Нуқтаҳои овоздиҳӣ дар даври дуюми интихоботи президентӣ дар Туркия, ки аз соати 08:00 бо вақти маҳаллӣ кушода буданд, дарҳояшонро бастанд
2023-05-28T21:46+0500
2023-05-28T21:46+0500
2023-05-29T09:23+0500
дар ҷаҳон
туркия
сиёсат
интихобот
президент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0f/1057110508_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_050903737a51c7714b7e30a3e4c798d9.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, роҳбари феълии Туркия дар даври дуюми интихоботи президентӣ беш аз 52%-и овозҳоро соҳиб шуд, иттилоъ дод Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар. Ин аввалин натиҷаҳои расмии интихоботи президентӣ дар Туркия мебошанд. Қаблан Комиссияи марказии интихоботи Туркия эълон кард, ки даври дуюми интихобот ором бидуни мушкилие баргузор гардид. Ба иттилои мақомоти Туркия, дар саросари кишвар зиёда аз 191 ҳазор қуттиҳои овоздиҳӣ гузошта шуда буданд. Шумораи интихобкунандагон зиёда аз 60 млн нафар арзёбӣ гардида буд. Дар даври дуюми интихобот президенти феълӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо номзади аҳзоби муҳолиф, Камол Қиличдароғлу сабқат дошт. Ҳардуи ин номзад дар интихоботи даври дуюм раъйи худро дода, аз интихобкунандагон хостанд, фаъолтар бошанд. Назарсанҷиҳои қаблазинтихоботӣ дар мавриди натиҷаи овоздиҳӣ якмаром набуда, бархе пирӯзии Эрдуғону бархе пешсафии рақибашро пешгӯӣ карда буданд. Маврид ба зикр аст, ки дар даври аввали интихоботи 14 май дар Туркия 3 довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ сабқат карданд.Рақиби асосии Эрдуғон, президенти феълии 69-сола номзади ягона аз Эътилофи ҷумҳурихоҳон, Камол Қиличдароғли 74-сола буд. Номзади мухолифинро 7 ҳизби Туркия ҷонибдорӣ карданд.Эрдуғон дар даври аввал беш аз 49% ва Қиличдароғлу ҳудуди 45%-и овозҳоро ба даст овард. Номзади сеюм Синон Огани 55-сола ҳудуди 5%-ро соҳиб шуд. Собиқ номзад аз эътилофи Отатурк Синон Оган изҳор дошт, ки дар даври дуюм аз раисҷумҳури феълӣ пуштибонӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20230527/nazarpursi-qilichdaroghlu-intikhobot-turkiya-1057390919.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0f/1057110508_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_b07fe18cf5e322fef510282820524e58.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
овоздиҳӣ, интихобот, президент, туркия, раъйдиҳӣ
овоздиҳӣ, интихобот, президент, туркия, раъйдиҳӣ
Эълони КМИР: барандаи интихоботи президентии Туркия маълум шуд
21:46 28.05.2023 (Навсозишуда: 09:23 29.05.2023) Комиссияи марказии интихоботи Туркия аввалин натиҷаҳои даври дуюми интихоботи президентӣ дар кишварро эълон намуд, ки президентӣ феълӣ баранда шудааст
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, роҳбари феълии Туркия дар даври дуюми интихоботи президентӣ беш аз 52%-и овозҳоро соҳиб шуд, иттилоъ дод Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар.
Ин аввалин натиҷаҳои расмии интихоботи президентӣ дар Туркия мебошанд.
Қаблан Комиссияи марказии интихоботи Туркия эълон кард, ки даври дуюми интихобот ором бидуни мушкилие баргузор гардид.
Ба иттилои мақомоти Туркия, дар саросари кишвар зиёда аз 191 ҳазор қуттиҳои овоздиҳӣ гузошта шуда буданд. Шумораи интихобкунандагон зиёда аз 60 млн нафар арзёбӣ гардида буд.
Дар даври дуюми интихобот президенти феълӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо номзади аҳзоби муҳолиф, Камол Қиличдароғлу сабқат дошт.
Ҳардуи ин номзад дар интихоботи даври дуюм раъйи худро дода, аз интихобкунандагон хостанд, фаъолтар бошанд.
Назарсанҷиҳои қаблазинтихоботӣ дар мавриди натиҷаи овоздиҳӣ якмаром набуда, бархе пирӯзии Эрдуғону бархе пешсафии рақибашро пешгӯӣ карда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар даври аввали интихоботи 14 май дар Туркия 3 довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ сабқат карданд.
Рақиби асосии Эрдуғон, президенти феълии 69-сола номзади ягона аз Эътилофи ҷумҳурихоҳон, Камол Қиличдароғли 74-сола буд. Номзади мухолифинро 7 ҳизби Туркия ҷонибдорӣ карданд.
Эрдуғон дар даври аввал беш аз 49% ва Қиличдароғлу ҳудуди 45%-и овозҳоро ба даст овард. Номзади сеюм Синон Огани 55-сола ҳудуди 5%-ро соҳиб шуд. Собиқ номзад аз эътилофи Отатурк Синон Оган изҳор дошт, ки дар даври дуюм аз раисҷумҳури феълӣ пуштибонӣ мекунад.