https://sputnik.tj/20241222/tojikiston-sokhtmon-nbo-roghun-270-mln-dollar-1065615086.html
Тоҷикистон барои сохтмони НБО "Роғун" боз 270 млн доллар дарёфт мекунад
Тоҷикистон барои сохтмони НБО "Роғун" боз 270 млн доллар дарёфт мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Маблағи умумии маблағгузорӣ барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ дар доираи лоиҳа 500 млн долларро ташкил медиҳад, ки ин маблағ дар ду марҳила ба даст хоҳад омад
2024-12-22T13:47+0500
2024-12-22T13:47+0500
2024-12-22T13:47+0500
дар тоҷикистон
нбо "роғун"
қарзҳо
сармоя
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032097920_0:317:3076:2047_1920x0_80_0_0_74f09fc4a488df6dac44f28da75db51c.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Точикистон барои идомаи сохтмони НБО "Роғун" бастаи бузурги қарзиро дарёфт мекунад.Дар ин бора Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар додааст.Сухан дар бораи 270 млн доллар меравад, ки аз Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё (БОСИ) хоҳад буд.Маълум аст, ки дар маҷмуъ маблағи умумии маблағгузорӣ барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ дар чаҳорчӯби лоиҳа 500 млн долларро ташкил медиҳад, ки ин маблағ дар ду марҳила ворид мешавад. Ин сармоягузориҳо пеш аз ҳама ба таҳкими истиқлолияти энергетикии ҷумҳурӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодии кишвар нигаронида шудаанд. Гуфта мешавад, ки ин маблағ барои бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ ва ҳамчунин барои бунёду таҷдиди 55 километр роҳ, аз ҷумла пулҳое, ки деҳаҳои алоҳидаи наздикии ин нерӯгоҳро мепайвандад, сарф мешавад.Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ як созмони байналмилалии молиявӣ буда, таъсиси он бо ташаббуси Чин дар соли 2013 оғоз шудааст. Дар маҷмӯъ, танзимкунанда зиёда аз 90 кишвари иштирокчӣ дорад. Русия соли 2015 узви ин бонк шуд. Дар Шӯрои мудирони Бонк кишварро вазири рушди иқтисодии Федератсияи Русия Максим Решетников намояндагӣ мекунад. Чин, Ҳиндустон ва Русия бузургтарин саҳҳомони он мебошанд
https://sputnik.tj/20241219/fond-kuvayti-rush-basta-qarz-sokhtomni-roghun-judo-1065571574.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032097920_347:0:3076:2047_1920x0_80_0_0_e55431f17e6284e2d7b22af692480a64.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон сохтмон нбо "роғун" доллар дарёфт
тоҷикистон сохтмон нбо "роғун" доллар дарёфт
Тоҷикистон барои сохтмони НБО "Роғун" боз 270 млн доллар дарёфт мекунад
Маблағи умумии маблағгузорӣ барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ дар доираи лоиҳа 500 млн долларро ташкил медиҳад, ки ин маблағ дар ду марҳила ба даст хоҳад омад
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Точикистон барои идомаи сохтмони НБО "Роғун" бастаи бузурги қарзиро дарёфт мекунад.
Дар ин бора Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар додааст.
Сухан дар бораи 270 млн доллар меравад, ки аз Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё (БОСИ) хоҳад буд.
Маълум аст, ки дар маҷмуъ маблағи умумии маблағгузорӣ барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ дар чаҳорчӯби лоиҳа 500 млн долларро ташкил медиҳад, ки ин маблағ дар ду марҳила ворид мешавад.
"Созишнома дар бораи ҷудо кардани 270 млн доллар ба Тоҷикистон аз ҷониби БОСИ дар Пекин бо ҳузури Файзиддин Қаҳхорзода, вазири молия ва ноиби президенти ин бонк Константин Лимитовский ба имзо расид. Маблағҳо барои иҷрои марҳилаи аввали барномаи рушди НБО "Роғун" масраф мешаванд",- афзудааст манбаъ.
Ин сармоягузориҳо пеш аз ҳама ба таҳкими истиқлолияти энергетикии ҷумҳурӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодии кишвар нигаронида шудаанд.
Гуфта мешавад, ки ин маблағ барои бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ ва ҳамчунин барои бунёду таҷдиди 55 километр роҳ, аз ҷумла пулҳое, ки деҳаҳои алоҳидаи наздикии ин нерӯгоҳро мепайвандад, сарф мешавад.
Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ як созмони байналмилалии молиявӣ буда, таъсиси он бо ташаббуси Чин дар соли 2013 оғоз шудааст.
Дар маҷмӯъ, танзимкунанда зиёда аз 90 кишвари иштирокчӣ дорад. Русия соли 2015 узви ин бонк шуд.
Дар Шӯрои мудирони Бонк кишварро вазири рушди иқтисодии Федератсияи Русия Максим Решетников намояндагӣ мекунад. Чин, Ҳиндустон ва Русия бузургтарин саҳҳомони он мебошанд