https://sputnik.tj/20241222/putin-khatar-jang-seumi-jahon-hol-afzoish-1065616574.html
Путин хатари ҷанги сеюми ҷаҳониро дар ҳоли афзоиш хонд
Путин хатари ҷанги сеюми ҷаҳониро дар ҳоли афзоиш хонд
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бовар надорад, ки ҷанги сеюми ҷаҳонӣ аллакай ҷараён дорад, аммо хатарҳо вуҷуд доранд
2024-12-22T16:08+0500
2024-12-22T16:08+0500
2024-12-22T16:08+0500
владимир путин
сиёсат
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/13/1065583937_0:0:3095:1742_1920x0_80_0_0_b100afb1a93fa98a656bb50af092e3c2.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Владимир Путин ба савол дар бораи ҷанги сеюми ҷаҳонӣ посух дод: хатари сар задани он дар ҷаҳон афзоиш меёбад, аммо бо ин ҳеҷ касро тарсондан лозим нест. Путин тавзеҳ дод, ки Ғарб ҳақ дорад, ки ҳар чӣ хоҳад, амал кунад, аммо бо оқибатҳои тасмимҳояш рӯбарӯ хоҳад шуд - Русия ба ҳар чолиш посух хоҳад дод.Ӯ дар ин бора дар сӯҳбат бо хабарнигори ВГТРК Павел Зарубин изҳор дошт, ки навори онро дар Telegram-канали худ нашр шудааст. Сарвари давлат қайд кард, ки хатарҳо зиёданд ва онҳо зиёд мешаванд. Аммо Путин хостааст, ки бо ин касеро натарсонанд. Ба гуфтаи Путин ҳангоме ки мухолифон ва шарикони эҳтимолӣ инро дарк мекунанд, онҳо хоҳанд фаҳмид, ки бояд созишро ҷустуҷӯ кунанд.Президент дақиқ гуфт, ки кишвари мо ба ин омода аст, вале бидуни зарар манофеи худ. Дар чунин шароит ҳатто муносибатҳоро бо давлатҳо барқарор кардан мумкин аст.Қаблан Путин ҳадс зада буд, ки беҳбуди равобити Русия ва ИМА дар сурати хоҳиш имконпазир аст. Ҳамзамон раҳбари Русия таъкид кард, ки Маскав ҳеҷ гоҳ ин хоҳишро аз даст надодааст. Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико, ҳушдор дод, ки ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба минтақаи Курск хатари ҷанги сеюми ҷаҳонро наздиктар кардааст. Сиёсатмадор муътақид аст, ки имрӯз низоъи ҷаҳонӣ "аз ҳарвақта наздиктар аст".
https://sputnik.tj/20240730/jangi-seumi-jahoni-dar-balandihoi-javlon-1063714785.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/13/1065583937_205:0:2936:2048_1920x0_80_0_0_353ef5353071862864f256c5518b8c7e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин хатар ҷанг сеюм ҷаҳон ҳол афзоиш
путин хатар ҷанг сеюм ҷаҳон ҳол афзоиш
Путин хатари ҷанги сеюми ҷаҳониро дар ҳоли афзоиш хонд
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бовар надорад, ки ҷанги сеюми ҷаҳонӣ аллакай ҷараён дорад, аммо хатарҳо вуҷуд доранд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Владимир Путин ба савол дар бораи ҷанги сеюми ҷаҳонӣ посух дод: хатари сар задани он дар ҷаҳон афзоиш меёбад, аммо бо ин ҳеҷ касро тарсондан лозим нест.
Путин тавзеҳ дод, ки Ғарб ҳақ дорад, ки ҳар чӣ хоҳад, амал кунад, аммо бо оқибатҳои тасмимҳояш рӯбарӯ хоҳад шуд - Русия ба ҳар чолиш посух хоҳад дод.
Ӯ дар ин бора дар сӯҳбат бо хабарнигори ВГТРК Павел Зарубин изҳор дошт, ки навори онро дар Telegram-канали худ нашр шудааст.
Сарвари давлат қайд кард, ки хатарҳо зиёданд ва онҳо зиёд мешаванд. Аммо Путин хостааст, ки бо ин касеро натарсонанд.
"Мо мебинем, ки имрӯз душмани мо чӣ кор карда истодааст. Вай вазъиятро тезу тунд мегардонад. Агар чунин хоҳанд, бигзор. Онҳо бад зиндагӣ доранд? Бигзор тундсозии вазъро идома диҳанд. Мо ҳамеша ба ҳар чолиш посух медиҳем”, - гуфт, президент.
Ба гуфтаи Путин ҳангоме ки мухолифон ва шарикони эҳтимолӣ инро дарк мекунанд, онҳо хоҳанд фаҳмид, ки бояд созишро ҷустуҷӯ кунанд.
Президент дақиқ гуфт, ки кишвари мо ба ин омода аст, вале бидуни зарар манофеи худ. Дар чунин шароит ҳатто муносибатҳоро бо давлатҳо барқарор кардан мумкин аст.
Қаблан Путин ҳадс зада буд, ки беҳбуди равобити Русия ва ИМА дар сурати хоҳиш имконпазир аст.
Ҳамзамон раҳбари Русия таъкид кард, ки Маскав ҳеҷ гоҳ ин хоҳишро аз даст надодааст.
Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико, ҳушдор дод, ки ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба минтақаи Курск хатари ҷанги сеюми ҷаҳонро наздиктар кардааст.
Сиёсатмадор муътақид аст, ки имрӯз низоъи ҷаҳонӣ "аз ҳарвақта наздиктар аст".