https://sputnik.tj/20241218/ahmadzoda-qatlho-marmuz-konibodom-sharh-dod-1065547443.html
Ба таҳлука наафтед: Аҳмадзода қатлҳои мармуз дар Конибодомро шарҳ дод
Ба таҳлука наафтед: Аҳмадзода қатлҳои мармуз дар Конибодомро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар ин ноҳия аз моҳи апрел ба ин сӯ беш аз 20 нафар ба таври мармуз кушта мешаванд ва мақомот то ҳол дар ошкор кардани ин ҷиноятҳо оҷизӣ мекашад 18.12.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-12-18T10:48+0500
2024-12-18T10:48+0500
2024-12-18T11:13+0500
дар тоҷикистон
конибодом
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
раҷаббой аҳмадзода
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/12/1065554524_152:40:1170:613_1920x0_80_0_0_f4109fa8c5fb863c1718366472669e5e.jpg
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар Конибодом давоми ҳамагӣ 8 рӯз ҷасади 10 нафар аз сокинони ноҳия бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо гардидаанд. Пас аз ин ҳодисаҳои даҳшатбор, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Конибодом рафт ва бо сокинону мақомдорони он ҷо мулоқот кард.Зимни суҳбат Аҳмадзода зикр намуд, ки ҳодисаҳои куштори сокинон дар чанд рӯзи ахир ҷомеаи шаҳрвандиро ба таҳлука андохтааст. Ба гуфтаи ӯ , барои ошкорсозии ҷиноятҳои нангин ва ҷазо додани гунаҳкорон сохторҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқ сафарбар гардида, барои дарёфти ҷинояткорон ҷаҳду талош меварзанд.Раиси вилоят аз мардум хост ба таҳлука наафтанд, балки баръакс бо мақомотҳои дахлдор барои ҳар чӣ зудтар ошкар кардани ин ҷиноятҳои нангин ҳамкорӣ кунанд. Дар идома ӯ зикр намуд, ки тафтишоти ин ҳодисаҳо зери назорати роҳбарияти давлат қарор дорад.Аҳмадзода ба мақомдорон тавсия дод, ки ташкили навбатдорони ихтиёрӣ, чароғон кардани кӯчаву маҳаллаҳо ва насби камераҳои назоратиро роҳандозӣ кунанд.Ёдовар мешавем, ки куштори сокинони Конибодом аз моҳи апрели имсол шурӯъ шуд ва то ҳол маълум нест, ки ин ҳодисаҳои як занҷиранд ва ё аз ҳам ҷудо. Беш аз 20 нафар дар ин ноҳия ба таври мармуз кушта шуд ва мақомот то ҳол дар ошкор кардани ин ҷиноятҳо оҷизӣ мекашад
https://sputnik.tj/20241029/prokurori-sughd-javonoro-az-tamoshoi-filmhoi-targhibkunandai-fahshu-zurovari-mahdud-kuned-1064902788.html
конибодом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/12/1065554524_204:0:1078:656_1920x0_80_0_0_1fc636738234c9eaec3e4e3ef54cbb7f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, конибодом, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, раҷаббой аҳмадзода, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, конибодом, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, раҷаббой аҳмадзода, иҷтимоъ
Ба таҳлука наафтед: Аҳмадзода қатлҳои мармуз дар Конибодомро шарҳ дод
10:48 18.12.2024 (Навсозишуда: 11:13 18.12.2024) Дар ин ноҳия аз моҳи апрел ба ин сӯ беш аз 20 нафар ба таври мармуз кушта мешаванд ва мақомот то ҳол дар ошкор кардани ин ҷиноятҳо оҷизӣ мекашад
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар Конибодом давоми ҳамагӣ 8 рӯз ҷасади 10 нафар аз сокинони ноҳия бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо гардидаанд.
Пас аз ин ҳодисаҳои даҳшатбор, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Конибодом рафт ва бо сокинону мақомдорони он ҷо мулоқот кард.
Зимни суҳбат Аҳмадзода зикр намуд, ки ҳодисаҳои куштори сокинон дар чанд рӯзи ахир ҷомеаи шаҳрвандиро ба таҳлука андохтааст.
Ба гуфтаи ӯ , барои ошкорсозии ҷиноятҳои нангин ва ҷазо додани гунаҳкорон сохторҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқ сафарбар гардида, барои дарёфти ҷинояткорон ҷаҳду талош меварзанд.
"Барои ин беҳтарин муфаттишону коршиносон аз тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот сарҷамъ омада, донишу малакаи касбии худро баҳри дар мӯҳлатҳои кутоҳтарин пайдо намудани ҷинояткорон равона сохтаанд", - таъкид намуд ӯ.
Раиси вилоят аз мардум хост ба таҳлука наафтанд, балки баръакс бо мақомотҳои дахлдор барои ҳар чӣ зудтар ошкар кардани ин ҷиноятҳои нангин ҳамкорӣ кунанд.
Дар идома ӯ зикр намуд, ки тафтишоти ин ҳодисаҳо зери назорати роҳбарияти давлат қарор дорад.
Аҳмадзода ба мақомдорон тавсия дод, ки ташкили навбатдорони ихтиёрӣ, чароғон кардани кӯчаву маҳаллаҳо ва насби камераҳои назоратиро роҳандозӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки куштори сокинони Конибодом аз моҳи апрели имсол шурӯъ шуд ва то ҳол маълум нест, ки ин ҳодисаҳои як занҷиранд ва ё аз ҳам ҷудо. Беш аз 20 нафар дар ин ноҳия ба таври мармуз кушта шуд ва мақомот то ҳол дар ошкор кардани ин ҷиноятҳо оҷизӣ мекашад