https://sputnik.tj/20241220/kuknor-musodira-mavodi-mukhaddir-davomi-shash-moh-tojikiston-1065596026.html
"Кӯкнор-2024": Мусодираи беш аз як тонн маводи мухаддир давоми шаш моҳ дар Тоҷикистон
"Кӯкнор-2024": Мусодираи беш аз як тонн маводи мухаддир давоми шаш моҳ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз мусодираи 1 т 208 кг маводи нашъаовар дар ҷараёни амалиёти "Кӯкнор-2024" хабар дод
2024-12-20T14:26+0500
2024-12-20T14:26+0500
2024-12-20T14:26+0500
дар тоҷикистон
маводи мухаддир
мусодира
кӯкнор
амалиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1d/1063704829_0:0:2565:1443_1920x0_80_0_0_e78e23702237e7894012ed59fe666d77.jpg
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Ахиран дар Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии амалиёти ҷумҳуриявии “Кӯкнор-2024”, бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон баргузор гардид.Ба иттилои Агентӣ, дар натиҷаи амалӣ намудани чорабиниҳои банақшагирифташуда дар давраи баргузории амалиёти "Кӯкнор-2024" аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 366 ҷинояти мухаддиротӣ ошкор гардидааст.Ҳамчунин манбаъ қайд кард, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 т 208 кг маводи нашъаовар мусодира карда шудааст.Инчунин, дар ҳудуди ҷумҳурӣ 1 миллиону 218 ҳазор бех растаниҳои нашъаовари худрӯй бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шудааст.Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки бо мақсади пешгирӣ ва коҳиши сатҳи нашъамандӣ дар байни аҳолӣ дар воситаҳои ахбори омма баромадҳо, сӯҳбатҳо ва мизҳои мудаввар бо иштироки аъзоёни ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва кормандони масъули вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ гузаронида шудааст.Дар маҷмӯъ дар давраи гузаронидани амалиёт 1048 вохӯрӣ, 64 семинар, 2 конфронси илмӣ, 172 чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ, 52 мизҳои мудаввар гузаронида шудаанд.Ёдовар мешавем, ки амалиёти оперативӣ-профилактикии ҷумҳуриявии “Кӯкнор-2024”, аз 1 июн оғоз гардида то 30 ноябри соли ҷорӣ идома меёбад.
https://sputnik.tj/20240729/khatlon-agenti-afzosh-gardish-mavod-mukhaddir-tojikiston-khabar-1063704303.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1d/1063704829_0:0:2386:1789_1920x0_80_0_0_1c6305c39e5e61d6d728c0b039ca13be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, "кӯкнор-2024", мусодира, маводи мухаддир, агентии назорати маводи нашъаовари тоҷикистон
тоҷикистон, "кӯкнор-2024", мусодира, маводи мухаддир, агентии назорати маводи нашъаовари тоҷикистон
"Кӯкнор-2024": Мусодираи беш аз як тонн маводи мухаддир давоми шаш моҳ дар Тоҷикистон
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз мусодираи 1 т 208 кг маводи нашъаовар дар ҷараёни амалиёти "Кӯкнор-2024" хабар дод.
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Ахиран дар Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии амалиёти ҷумҳуриявии “Кӯкнор-2024”, бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон баргузор гардид.
Ба иттилои Агентӣ, дар натиҷаи амалӣ намудани чорабиниҳои банақшагирифташуда дар давраи баргузории амалиёти "Кӯкнор-2024" аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 366 ҷинояти мухаддиротӣ ошкор гардидааст.
Ҳамчунин манбаъ қайд кард, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 т 208 кг маводи нашъаовар мусодира карда шудааст.
Инчунин, дар ҳудуди ҷумҳурӣ 1 миллиону 218 ҳазор бех растаниҳои нашъаовари худрӯй бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шудааст.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки бо мақсади пешгирӣ ва коҳиши сатҳи нашъамандӣ дар байни аҳолӣ дар воситаҳои ахбори омма баромадҳо, сӯҳбатҳо ва мизҳои мудаввар бо иштироки аъзоёни ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва кормандони масъули вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ гузаронида шудааст.
Дар маҷмӯъ дар давраи гузаронидани амалиёт 1048 вохӯрӣ, 64 семинар, 2 конфронси илмӣ, 172 чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ, 52 мизҳои мудаввар гузаронида шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки амалиёти оперативӣ-профилактикии ҷумҳуриявии “Кӯкнор-2024”, аз 1 июн оғоз гардида то 30 ноябри соли ҷорӣ идома меёбад.