https://sputnik.tj/20241220/kemitai-muhojirati-afghoniston-khohoni-tavaqqufi-ikhroji-muhojiron-az-tojikiston-shud-1065590086.html
Кумитаи муҳоҷирати Афғонистон хоҳони таваққуфи ихроҷи муҳоҷирон аз Тоҷикистон шуд
Кумитаи муҳоҷирати Афғонистон хоҳони таваққуфи ихроҷи муҳоҷирон аз Тоҷикистон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоле ки ихроҷи муҳоҷирони Афғонистон аз кишварҳои ҳамсоя ва минтақа, ин Кумита аз ҳукумати Тоҷикистони хост ихроҷи паноҳҷуёнро мутаваққиф кунад
2024-12-20T10:49+0500
2024-12-20T10:49+0500
2024-12-20T10:57+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
осиёи марказӣ
депорти муҳоҷирон
муҳоҷират
ихроҷ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/18/1041848603_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_cb393719bc76e1e23da909ff285aa96a.jpg
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Мусаввар Баҳодурӣ, раиси кумитаи муҳоҷирати Афғонистон (Ориёно) дар Тоҷикистон, хоҳони таваққуфи ихроҷи муҳоҷирон аз Тоҷикистон шуда ва аз Тоҷикистон хости ихроҷи паноҳҷуёнро мутаваққиф кунад, хабар додааст “Ufuq news agency”.Ӯ аз ихроҷи муҳоҷирони Афғонистон аз ин кишвари иброз нигаронӣ кард ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост аз ҳуқуқи паноҳндагони муҳофизат ва ба таъаҳҳудоти байни алмилалӣ пойбанд бошанд.Баҳодурӣ дар баёнияи ахири худ ба хониводаҳои афғонистонии осебдида аз ин ихроҷҳо таслият гуфта ва бар таъаҳҳуди ин Кумита барои ҳимоят аз муҳоҷирон таъкид кардааст.Ӯ хотирнишон кард, ки раванди ихроҷ, ки беш аз як ҳафта идома дорад, боиси нигаронии густарда дар миёни ҷамъияти паноҳҷуён шудааст.Кумитаи муҳоҷирати Афғонистон, ки беш аз 27 сол аст дар Тоҷикистон фаъолият мекунад, ба унвони воситаи байни паноҳҷуёни Афғонистон ва мақомоти маҳаллӣ амал мекунад.Ин Кумита, ки таҳти чорчӯби қонуни вазорати адлияи Тоҷикистон фаъолият дорад, ба нигарониҳои муҳоҷирони расидагӣ ва гуфтугӯ бо ниҳодҳои давлатиро тасҳил мекунад.Баҳодурӣ аз Тоҷикистон хоста то ба таъаҳҳудоти байналмилалиаш эҳтиром бигузорад.Бисёре паноҳҷуёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон аз озору азияти Толибон* фирор карда ва паноҳандагӣ дарёфт кардаанд.Комитеи муҳоҷирати Афғонистон ҳамчунин ба мақомоти Тоҷикистон итминон дода, ки паноҳҷуёни афғонистонӣ ба қавонин ва одобу русуми маҳаллӣ эҳтиром хоҳанд гузошт.Ин Кумита мутааҳҳид шуд, ки бо неруҳои амниятии Тоҷикистон барои расидагӣ ба фаъолиятҳои муқаррари ғайриқонунӣ тавассути афрод аз тариқи иқдомоти қонунӣ ҳамкорӣ кунад.Баҳодурӣ баёнияашро бо ҳимоят аз роҳи ҳалҳои дипломатик барои муҳофизат аз муҳоҷирони осебпазир Афғонистон ва дар айни ҳол ҳифзи равобити қавии байни Афғонистону Тоҷикистон хотима додааст.Ӯ бар лузуми талошҳои муштарак барои ҳимоят аз ҳуқуқи башару тазмини амнияти паноҳндагон таъкид кардааст.Дар ҳамин ҳол, пештари манобеъ аз ихроҷи ҳудӯди 20 ҳазор хониводаи афғон аз Покистон тайи 9 моҳи ахир хабар дод ва гуфт, ки беш аз 19 ҳазор ва 500 хониводаи муҳоҷири афғонистонӣ дар 9 моҳи ахир аз Покистони ихроҷ шудаанд.*- гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
https://sputnik.tj/20241109/tojikiston-muhojiron-afghon-kamtar-shudaand-1065053680.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/18/1041848603_185:0:2916:2048_1920x0_80_0_0_12af5ba69d0952e289dcb010f21d7056.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, ихроҷ, муҳоҷирон, хостор, даъват, толибон
тоҷикистон, афғонистон, ихроҷ, муҳоҷирон, хостор, даъват, толибон
Кумитаи муҳоҷирати Афғонистон хоҳони таваққуфи ихроҷи муҳоҷирон аз Тоҷикистон шуд
10:49 20.12.2024 (Навсозишуда: 10:57 20.12.2024) Дар ҳоле ки ихроҷи муҳоҷирони Афғонистон аз кишварҳои ҳамсоя ва минтақа, ин Кумита аз ҳукумати Тоҷикистони хост ихроҷи паноҳҷуёнро мутаваққиф кунад
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Мусаввар Баҳодурӣ, раиси кумитаи муҳоҷирати Афғонистон (Ориёно) дар Тоҷикистон, хоҳони таваққуфи ихроҷи муҳоҷирон аз Тоҷикистон шуда ва аз Тоҷикистон хости ихроҷи паноҳҷуёнро мутаваққиф кунад, хабар додааст “Ufuq news agency”.
Ӯ аз ихроҷи муҳоҷирони Афғонистон аз ин кишвари иброз нигаронӣ кард ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост аз ҳуқуқи паноҳндагони муҳофизат ва ба таъаҳҳудоти байни алмилалӣ пойбанд бошанд.
Баҳодурӣ дар баёнияи ахири худ ба хониводаҳои афғонистонии осебдида аз ин ихроҷҳо таслият гуфта ва бар таъаҳҳуди ин Кумита барои ҳимоят аз муҳоҷирон таъкид кардааст.
Ӯ хотирнишон кард, ки раванди ихроҷ, ки беш аз як ҳафта идома дорад, боиси нигаронии густарда дар миёни ҷамъияти паноҳҷуён шудааст.
Кумитаи муҳоҷирати Афғонистон, ки беш аз 27 сол аст дар Тоҷикистон фаъолият мекунад, ба унвони воситаи байни паноҳҷуёни Афғонистон ва мақомоти маҳаллӣ амал мекунад.
Ин Кумита, ки таҳти чорчӯби қонуни вазорати адлияи Тоҷикистон фаъолият дорад, ба нигарониҳои муҳоҷирони расидагӣ ва гуфтугӯ бо ниҳодҳои давлатиро тасҳил мекунад.
Баҳодурӣ аз Тоҷикистон хоста то ба таъаҳҳудоти байналмилалиаш эҳтиром бигузорад.
Бисёре паноҳҷуёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон аз озору азияти Толибон* фирор карда ва паноҳандагӣ дарёфт кардаанд.
Комитеи муҳоҷирати Афғонистон ҳамчунин ба мақомоти Тоҷикистон итминон дода, ки паноҳҷуёни афғонистонӣ ба қавонин ва одобу русуми маҳаллӣ эҳтиром хоҳанд гузошт.
Ин Кумита мутааҳҳид шуд, ки бо неруҳои амниятии Тоҷикистон барои расидагӣ ба фаъолиятҳои муқаррари ғайриқонунӣ тавассути афрод аз тариқи иқдомоти қонунӣ ҳамкорӣ кунад.
Баҳодурӣ баёнияашро бо ҳимоят аз роҳи ҳалҳои дипломатик барои муҳофизат аз муҳоҷирони осебпазир Афғонистон ва дар айни ҳол ҳифзи равобити қавии байни Афғонистону Тоҷикистон хотима додааст.
Ӯ бар лузуми талошҳои муштарак барои ҳимоят аз ҳуқуқи башару тазмини амнияти паноҳндагон таъкид кардааст.
Дар ҳамин ҳол, пештари манобеъ аз ихроҷи ҳудӯди 20 ҳазор хониводаи афғон аз Покистон тайи 9 моҳи ахир хабар дод ва гуфт, ки беш аз 19 ҳазор ва 500 хониводаи муҳоҷири афғонистонӣ дар 9 моҳи ахир аз Покистони ихроҷ шудаанд.
*- гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад