Далер Ҷумъа: Қисмати CASA-1000 дар Афғонистон соли 2026 ба анҷом мерасад

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузариш ба медиабонкЛЭП в горах
ЛЭП в горах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2024
Обуна шудан
Ба гуфтаи вазири энергетикаи Тоҷикистон бо роҳандозии тарҳи хатти минтақавии интиқоли барқи CASA-1000 содироти барқ тавассути Афғонистон афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Ба гуфтаи Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон қимати хати интиқоли барқ CASA-1000 дар ҳудуди Афғонистон соли 2026 ба анҷом хоҳад расид.
Ба гуфтаи вазири тоҷик бо роҳандозии тарҳи хатти минтақавии интиқоли барқи CASA-1000, ҳаҷми содироти нерӯи барқ ​​ба Покистон тавассути Афғонистон ба маротиб афзоиш меёбад.
Ҳамчунин ба гуфтаи вазир CASA-1000 ба Тоҷикистон имкон медиҳад иқтидори содиротиашро афзоиш диҳад.
Даолер Ҷумъа, қайд кард, ки қисматҳои CASA-1000 -и Тоҷикистон ва Қирғизистон анҷом ёфта, дар чаҳорчӯби як тарҳи минтақавӣ барои пайвастшавӣ омодаанд.
Тарҳи CASA-1000 як тарҳи байналмилалиест, ки чанд сол пеш иҷрои он бо кумаки Бонки Ҷаҳонӣ оғоз ёфт ва арзиши он беш аз 1 миллиарду 100 миллион долларро ташкил медиҳад. Бар асоси ин тарҳ, хатти баландшиддати барқи 750-километрие сохта мешавад, ки аз тариқи қаламрави Афғонистон мегузарад ва ба Покистон мерасад.
Рабочий на линии электропередач - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2024
Тоҷикистону Қирғизистон хати барқи CASA-1000-ро озмоиш мекунанд
Нерӯи барқи Қирғизистон ба ин шабака аввал аз тариқи Хуҷанд ва сипас аз ба воситаи ҳалқаи ягонаи барқии Тоҷикистон бояд бирасад. CASA-1000 қодир хоҳад буд, 1000 мегават нерӯи барқро ба Покистон ва 300 мегаватро ба Афғонистон бирасонад.
Қирғизистону Тоҷикистон аз ин тарҳ умеди зиёд доранд ва мегӯянд, ки роҳашон ба бозорҳои минтақавии энержӣ боз мешавад. Ду кишвар, ки асосан нерӯгоҳҳои барқи обӣ доранд, дар фасли тобистон бештар аз эҳтиёҷоти худ нерӯи барқ истеҳсол мекунанд, вале ҳоло ҳам дар фасли сармо қодир ба таъмини муназзами мардум ва корхонаҳо бо нерӯи барқ нестанд.
Лентаи хабарҳо
0