https://sputnik.tj/20240810/tojikiston-qirghiziston-khat-barq-casa-1000-ozmoish-1063882892.html
Тоҷикистону Қирғизистон хати барқи CASA-1000-ро озмоиш мекунанд
Тоҷикистону Қирғизистон хати барқи CASA-1000-ро озмоиш мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазирони энергетикаи ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки тамоми қисмҳои муҳим - хатҳои ҳавоӣ, трансформаторҳо ва зеристгоҳҳоро озмоиш кунанд
2024-08-10T13:45+0500
2024-08-10T13:45+0500
2024-08-10T14:35+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
барқ
casa-1000
озмоишгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0e/1061692316_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_96623baa38af714796a7601d2cabe7b1.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон корҳои анҷомдодашуда дар чаҳорчӯби тарҳи CASA-1000-ро пеш аз оғози пуррааш озмоиш хоҳанд кард. Ифтитоҳи озмоишии иншоот чӣ гуна сурат мегирад, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва раиси вазорати энержии Қирғизистон Таалайбек Ибраев зимни музокирот оид ба корҳои идомадошта дар лоиҳаи CASA-1000 баррасӣ карданд. Дар ин бора ниҳоди марбутаи Қирғизистон хабар дод. Вазирон ба мувофиқа расиданд, ки хатҳои ҳавоӣ, трансформаторҳо ва зеристгоҳҳо байни ду кишварро озмоиш кунанд.Пас аз санҷиши ҳамаҷониба ва рафъи хатогиҳои эҳтимолӣ, лоиҳаи CASA-1000 дар охири соли 2024 пурра ба кор андохта мешавад.Лоиҳаи минтақавии CASA-1000 (Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ – 1000) барои содироти нерӯи барқ пайвастани системаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Қирғизистон бо Афғонистон ва Покистонро пешбинӣ мекунад. Музокирот оид ба ин ташаббус аз соли 2007 идома дорад. Дар соли 2008 намояндагони чаҳор кишвар дастур доданд, ки асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа анҷом шавад. Таҳияи асосҳои техникӣ-иқтисодӣ дар соли 2011 анҷом ёфт.Ҳамин тариқ, Қирғизистон дар чаҳорчӯби CASA-1000 ӯҳдадор шуд, ки 40% ҳиссаи интиқоли нерӯи барқро ба Осиёи Ҷанубӣ бигирад. Тоҷикистон омода аст 60%-и боқимондаро диҳад.
https://sputnik.tj/20240310/korshinos-sabab-takhir-casa-video-1061992171.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0e/1061692316_211:0:2942:2048_1920x0_80_0_0_50226e7942eb24499a7112ce74eca843.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон қирғизистон хат барқ casa-1000 озмоиш
тоҷикистон қирғизистон хат барқ casa-1000 озмоиш
Тоҷикистону Қирғизистон хати барқи CASA-1000-ро озмоиш мекунанд
13:45 10.08.2024 (Навсозишуда: 14:35 10.08.2024) Вазирони энергетикаи ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки тамоми қисмҳои муҳим - хатҳои ҳавоӣ, трансформаторҳо ва зеристгоҳҳоро озмоиш кунанд
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон корҳои анҷомдодашуда дар чаҳорчӯби тарҳи CASA-1000-ро пеш аз оғози пуррааш озмоиш хоҳанд кард.
Ифтитоҳи озмоишии иншоот чӣ гуна сурат мегирад, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва раиси вазорати энержии Қирғизистон Таалайбек Ибраев зимни музокирот оид ба корҳои идомадошта дар лоиҳаи CASA-1000 баррасӣ карданд.
Дар ин бора ниҳоди марбутаи Қирғизистон хабар дод. Вазирон ба мувофиқа расиданд, ки хатҳои ҳавоӣ, трансформаторҳо ва зеристгоҳҳо байни ду кишварро озмоиш кунанд.
Пас аз санҷиши ҳамаҷониба ва рафъи хатогиҳои эҳтимолӣ, лоиҳаи CASA-1000 дар охири соли 2024 пурра ба кор андохта мешавад.
Лоиҳаи минтақавии CASA-1000 (Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ – 1000) барои содироти нерӯи барқ пайвастани системаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Қирғизистон бо Афғонистон ва Покистонро пешбинӣ мекунад.
Музокирот оид ба ин ташаббус аз соли 2007 идома дорад. Дар соли 2008 намояндагони чаҳор кишвар дастур доданд, ки асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа анҷом шавад. Таҳияи асосҳои техникӣ-иқтисодӣ дар соли 2011 анҷом ёфт.
Ҳамин тариқ, Қирғизистон дар чаҳорчӯби CASA-1000 ӯҳдадор шуд, ки 40% ҳиссаи интиқоли нерӯи барқро ба Осиёи Ҷанубӣ бигирад. Тоҷикистон омода аст 60%-и боқимондаро диҳад.