Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум президенти КМОТ интихоб шуд

© Flickr \ Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон
Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2024
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон барои панҷумин бор ба муддати се сол президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб карда шуд
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бори панҷум президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.

Интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раҳбари КМО дар ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии 24-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи ҷавонон.
Ба иттилои манбаъ, мувофиқи оинномаи кумита, Эмомалӣ Раҳмон ба муддати се соли минбаъда (солҳои 2025-2027) президенти КМО интихоб шудааст.
Гуфта мешавад, номзадии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби 30 федератсияи варзишии аъзои КМО Тоҷикистон бидуни зиддияти касе ба ин симмат интихоб гардидааст.
Рустам Эмомали президент ФФТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2024
Рустами Эмомалӣ дигарбора президенти ФФТ шуд
Дар ҷаласа ҳамчунин Зулфиқор Гулаҳмадзода (ноиби якуми раиси Федератсияи теннис) ва Дилшод Назаров (раиси Федератсияи варзиши сабук) ноибони Президенти Кумита, Муҳаммадшо Абдуллозода (котиби генералии Федератсияи шиноварӣ) котиби генералӣ интихоб шудаанд.
Ҳамзамон Исмоили Маҳмадзоир (Раиси Федератсияи ҷудо), Муҳаммад Мирзоалиев (директори Федератсияи лижаронӣ), Саодат Носирова (котиби генералии Федератсияи намудҳои варзиши гимнастика), Нурулло Лоиқов (мушовири Раиси Федератсияи тенниси рӯи мизӣ) ва Мунира Абдусаломова (намояндаи Комиссияи варзишгарон), аъзои дигари Кумитаи иҷроияи КМОТ барои давраи солҳои 2025-2028 интихоб гардидаан.
Ҳамзамон таъкид мешавад, ки дар ин ҷаласа нақшаҳои стратегӣ, кор ва буҷети Кумита барои соли 2025 тасдиқ карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0