https://sputnik.tj/20241218/tijorat-miyoni-kishvarhoi-idm-puli-milli-surat-megirad-1065563119.html
Беш аз 85% тиҷорат миёни кишварҳои ИДМ бо пулҳои миллӣ сурат мегирад
Беш аз 85% тиҷорат миёни кишварҳои ИДМ бо пулҳои миллӣ сурат мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил истифодаи пулҳои миллӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст
2024-12-18T16:49+0500
2024-12-18T16:49+0500
2024-12-18T16:49+0500
русия
дар русия
идм
тиҷорат
пули миллӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102438/83/1024388363_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_2ae2d87852f486114d61085e5c1b3636.jpg
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар қаламрави ИДМ ҳиссаи истифодаи пули миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бештар аз 85% шудааст.Дар ин бора намояндаи доимии Русия дар ниҳодҳои оинномавӣ ва дигар ниҳодҳои ИДМ Андрей Грозов иброз дошт."Дар соҳаи савдо-иқтисод, сарфи назар аз бастаҳои гуногуни таҳримҳо алайҳи Русия ва Беларус ва таҳдиди таҳримҳои дуюмдараҷа барои дигар давлатҳо, афзоиши ММД дар кишварҳои ИДМ ба андозаи 4,7% ба қайд гирифтем. Ҳиссаи истифодаи пулҳои миллӣ дар тиҷорати мутақобил бештар аз 85% расидааст”, - гуфт оқои Грозов.Грозов дар бораи натоиҷи раёсати Русия дар ИДМ дар соли 2024 сухан ронда, тасвиби Консепсияи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика барои давраи то соли 2035-ро қайд кард.Намояндаи доимии Русия дар соҳаи ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ панҷ изҳороти аз ҷониби вазирони корҳои хориҷӣ қабулшударо таъкид намуда ва афзуд, ки формати машваратҳои бисёрсатҳи байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ ҳамчун талабот боқӣ мемонад.Дар самти ҳамкориҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, тавре Грозов изҳор дошт, рушди системаи муштараки алоқаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои ИДМ баррасӣ шуда, дар доираи Шӯрои сарони давлатҳо муколамаи муассир ба роҳ монда шудааст.Дар бораи лоиҳаи Барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2026-2028 қарор қабул гардида, Барномаи ҳамкорӣ дар бахши решакан кардани тундгароӣ қабул карда шуд.
https://sputnik.tj/20241216/mishustin-hamkorihoro-idm-iiao-taqviyat-1065530761.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102438/83/1024388363_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_adf74a16e6e96bbaf7c0b56f3843b91e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тиҷорат, идм, иқтисод, молия, пули миллӣ, истифода
русия, тиҷорат, идм, иқтисод, молия, пули миллӣ, истифода
Беш аз 85% тиҷорат миёни кишварҳои ИДМ бо пулҳои миллӣ сурат мегирад
Дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил истифодаи пулҳои миллӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар қаламрави ИДМ ҳиссаи истифодаи пули миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бештар аз 85% шудааст.
Дар ин бора намояндаи доимии Русия дар ниҳодҳои оинномавӣ ва дигар ниҳодҳои ИДМ Андрей Грозов иброз дошт.
"Дар соҳаи савдо-иқтисод, сарфи назар аз бастаҳои гуногуни таҳримҳо алайҳи Русия ва Беларус ва таҳдиди таҳримҳои дуюмдараҷа барои дигар давлатҳо, афзоиши ММД дар кишварҳои ИДМ ба андозаи 4,7% ба қайд гирифтем. Ҳиссаи истифодаи пулҳои миллӣ дар тиҷорати мутақобил бештар аз 85% расидааст”, - гуфт оқои Грозов.
Грозов дар бораи натоиҷи раёсати Русия дар ИДМ дар соли 2024 сухан ронда, тасвиби Консепсияи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика барои давраи то соли 2035-ро қайд кард.
Намояндаи доимии Русия дар соҳаи ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ панҷ изҳороти аз ҷониби вазирони корҳои хориҷӣ қабулшударо таъкид намуда ва афзуд, ки формати машваратҳои бисёрсатҳи байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ ҳамчун талабот боқӣ мемонад.
Дар самти ҳамкориҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, тавре Грозов изҳор дошт, рушди системаи муштараки алоқаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои ИДМ баррасӣ шуда, дар доираи Шӯрои сарони давлатҳо муколамаи муассир ба роҳ монда шудааст.
Дар бораи лоиҳаи Барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2026-2028 қарор қабул гардида, Барномаи ҳамкорӣ дар бахши решакан кардани тундгароӣ қабул карда шуд.