Мишустин: Ҳамкориҳоро бо кишварҳои ИДМ ва ИИАО бояд тақвият диҳем

© Sputnik / Виктор ТолочкоПремьер-министр России Михаил Мишустин
Премьер-министр России Михаил Мишустин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2024
Обуна шудан
Сарвазири Русия ба масъулин супориш додааст, ки бо кишварҳои узви ИДМ ва ИИАО ҳамкориҳоро бештар намоянд, чун ин созмонҳои самаранокии худро нишон додаанд
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Сарвазири Русия Михаил Мишустин дар мулоқот бо муовинони нахуствазир гуфт, ИДМ ва ИИАО самаранокӣ ва аҳамияти худро исбот карданд, ба Русия муҳим аст ҳамкориҳои зичтарро бо ҳамсояҳои наздиктарин ба роҳ монем.
Дар ҷараёни мулоқот оқои Мишустин натоиҷи ҷаласаҳои Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ва Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиёро ҷамъбаст кард.
"Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё самаранокӣ ва аҳамияти худро исбот карданд, ки онҳо платформаи асосии таҳкими робитаҳо дар минтақаи мо мебошанд. Майдони фаъолиятро вусъат бояд кард,ки ин ба манфиати ҳамаи иштироккунандагон мувофиқ аст”, — супориш дод Мишустин ба вазиронааш.
Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ натоиҷи раёсати Русия дар Иттиҳодия ҷамъбаст шуд. Масъалаҳои рӯзномаи башардӯстона, таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, трансформатсияи рақамии маҷмааи нақлиётӣ, рушди киштисозии шаҳрвандӣ ва истеҳсоли ҷузъҳои дахлдор баррасӣ шуданд.
Доктор экономических наук, директор Института социально-экономических исследований Финансового университета при правительстве РФ Алексей Зубец - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2024
Коршинос гуфт, ки Тоҷикистон бо ворид нашудан ба ИИАО ба кадом хавфҳо рӯ ба рӯ мешавад
Соли 2025 дар ИДМ Соли таҷлили 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ – Соли сулҳу ваҳдат дар мубориза бо фашистон эълон мешавад. Мишустин қайд кард, ки ин нақшаи чорабиниҳои афзалиятнокро дар соҳаи ҳамкориҳои башардӯстона ба назар мегирад.
Нахуствазири Русия афзуд, дар доираи ИИАО корҳо барои таъмини ҳаракати озоди молҳо, хизматрасониҳо, сармоя ва қувваи корӣ идома доранд.
Барои пурра ба кор андохтани иқтидори ҳамгироӣ як қатор қарорҳо қабул шудаанд, ки яке аз онҳо кумак ба соҳибкорони панҷ кишвар дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0