https://sputnik.tj/20241218/limit-gaz-nest-narkhi-gazi-moe-tojikiston-arzon-shud-1065561382.html
Пас аз як моҳи “лимит” - у “газ нест” нархи гази моеъ дар Тоҷикистон арзон шуд
Пас аз як моҳи “лимит” - у “газ нест” нархи гази моеъ дар Тоҷикистон арзон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бар фарқ аз як моҳи қабл, нархи гази моеъ дар шаҳру навоҳии Суғди Тоҷикистон поён шудааст
2024-12-18T14:29+0500
2024-12-18T14:29+0500
2024-12-18T14:35+0500
дар тоҷикистон
суғд
сӯзишворӣ
бензин
гази моеъ
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/12/1065557247_0:256:2730:1792_1920x0_80_0_0_7fd43b3d8a3b3c73e22e16d467d7a8ff.jpg
ДУШАНБЕ, 18 дек – Sputnik. Бино ба тоблӯҳое, ки ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт дар шаҳри Хуҷанд насб кардаанд, нархи гази моеъ ба 7,4 сомонӣ арзон шудааст. Дар ноҳияҳои атрофи Хуҷанд мушоҳида мешавад, ки қимати ин навъ маводи сӯхт аз ин ҳам поёнтар аст.То чанд рӯзи пеш арзиши гази моеъ марзи 8 сомониро убур карда буд.Ҳоло дар муқоиса ба як моҳи пеш, ки дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон мушкили камбуди газ, ки сабаби беист гароншавии он гардида буд, дубора поёнравии нарх ба назар мерасад.Дар ширкатҳои фурӯши сӯзишвории нақлиёт (АЗС) дар шаҳри Хуҷанд сабаби поёнравии нархи газро ба арзиши воридоти он шарҳ доданд.Яке аз роҳбарони чунин ширкатҳо ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи нархи яклухти гази моеъ иттилоъ дод.Як моҳи пеш бинобар камбуди газ, дар аксар таъмингоҳҳои маводи сӯхт барои фурӯши гази моеъ лимит ҷорӣ гардида, тибқи он хариддории газ аз соати 23:59 то 08:00 -и субҳ имконпазир буд.Аз суи дигар баъзеи дигар ширкатҳо ба камбуди воридоти гази моеъ дучор гардида буданд.Ҳоло аз тоблуҳо дида мешавад, ки дар аксари ширкатҳо хариддории гази моеъ ба нархи 7,4 – 7,2 сомонӣ имконпазир шудааст.Дар рӯзҳои сарди зимистон имконпазир будани хариди гази моеът ва он ҳам бо нархи нисбатан арзон аз ҳафтаҳои қаблӣ рӯҳияи сокинон, аз ҷумла ронандагони воситаҳои нақлиётро гарм мекунад.Алҳол нархи дигар навъҳои сӯзишвориро ширкатҳо дар навоҳии Суғд муқаррар кардаанд:Бино ба маълумотҳои оморӣ кишварҳои Қазоқистону Русия воридкунандаҳои асосии маводи сӯхт ба кишвари Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.
https://sputnik.tj/20241129/qazoqiston-sodiroti-benzin-va-dizelro-ghayr-az-kishvarhoi-iiao-man-khohad-kard-1065320930.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/12/1065557247_0:0:2730:2048_1920x0_80_0_0_5dc112b6ae9e2b87130f174fe53fa0bf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, бензин, гази моеъ, арзон, қимат, камбуди сӯзишворӣ
тоҷикистон, суғд, бензин, гази моеъ, арзон, қимат, камбуди сӯзишворӣ
Пас аз як моҳи “лимит” - у “газ нест” нархи гази моеъ дар Тоҷикистон арзон шуд
14:29 18.12.2024 (Навсозишуда: 14:35 18.12.2024) Бар фарқ аз як моҳи қабл, нархи гази моеъ дар шаҳру навоҳии Суғди Тоҷикистон поён шудааст
ДУШАНБЕ, 18 дек – Sputnik. Бино ба тоблӯҳое, ки ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт дар шаҳри Хуҷанд насб кардаанд, нархи гази моеъ ба 7,4 сомонӣ арзон шудааст. Дар ноҳияҳои атрофи Хуҷанд мушоҳида мешавад, ки қимати ин навъ маводи сӯхт аз ин ҳам поёнтар аст.
То чанд рӯзи пеш арзиши гази моеъ марзи 8 сомониро убур карда буд.
Ҳоло дар муқоиса ба як моҳи пеш, ки дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон мушкили камбуди газ, ки сабаби беист гароншавии он гардида буд, дубора поёнравии нарх ба назар мерасад.
Дар ширкатҳои фурӯши сӯзишвории нақлиёт (АЗС) дар шаҳри Хуҷанд сабаби поёнравии нархи газро ба арзиши воридоти он шарҳ доданд.
Яке аз роҳбарони чунин ширкатҳо ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи нархи яклухти гази моеъ иттилоъ дод.
“Як моҳи пеш нархи ҳар кило гази моеъ то ба 15,5 - 16 сомонӣ дакка зада буд, ки ба сари ҳар як литр қариб 8 сомонӣ рост меомад. Хушбахтона ду се рӯз аст, ки нархи ҳар килои газ ба 12,5 сомонӣ поён фаромад ва ба ин тартиб нархи фурӯши чакана то ба 7,4 сомонӣ арзон шуд” – гуфт, мусоҳиби мо.
Як моҳи пеш бинобар камбуди газ, дар аксар таъмингоҳҳои маводи сӯхт барои фурӯши гази моеъ лимит ҷорӣ гардида, тибқи он хариддории газ аз соати 23:59 то 08:00 -и субҳ имконпазир буд.
Аз суи дигар баъзеи дигар ширкатҳо ба камбуди воридоти гази моеъ дучор гардида буданд.
Ҳоло аз тоблуҳо дида мешавад, ки дар аксари ширкатҳо хариддории гази моеъ ба нархи 7,4 – 7,2 сомонӣ имконпазир шудааст.
Дар рӯзҳои сарди зимистон имконпазир будани хариди гази моеът ва он ҳам бо нархи нисбатан арзон аз ҳафтаҳои қаблӣ рӯҳияи сокинон, аз ҷумла ронандагони воситаҳои нақлиётро гарм мекунад.
Алҳол нархи дигар навъҳои сӯзишвориро ширкатҳо дар навоҳии Суғд муқаррар кардаанд:
Бензини - АИ 95 – 10,6 - 10,9 сомонӣ
Бензини - АИ 92 – 10,4 – 10,5 сомонӣ
Дизел - 11,4 -11,6 сомонӣ.
Бино ба маълумотҳои оморӣ кишварҳои Қазоқистону Русия воридкунандаҳои асосии маводи сӯхт ба кишвари Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.