https://sputnik.tj/20241129/qazoqiston-sodiroti-benzin-va-dizelro-ghayr-az-kishvarhoi-iiao-man-khohad-kard-1065320930.html
Танҳо ба кишварҳои ИИАО: Қазоқистон содироти бензин ва дизелро манъ хоҳад кард
Танҳо ба кишварҳои ИИАО: Қазоқистон содироти бензин ва дизелро манъ хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Қазоқистон тасмим гирифтааст аз 1 январи соли 2025 содироти сӯзишвории бензин ва дизелро ба ғайр аз кишварҳои ИИАО манъ хоҳад кард
2024-11-29T18:59+0500
2024-11-29T18:59+0500
2024-11-29T20:41+0500
қазоқистон
содирот
бензин
ииао
авруосиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101444/71/1014447141_0:107:3086:1843_1920x0_80_0_0_acb7c2346befb6144a8c119bf75f61af.jpg
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Аз 1 январи соли 2025 Қазоқистон содироти бензин ва дизелро берун аз ҳудуди Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё манъ хоҳад кард.Вазорати энергетикаи Қазоқистон пешниҳод кардааст, ки ба фармони муштарак "Дар бораи баъзе масъалаҳои содироти маҳсулоти нафтӣ аз қаламрави Қазоқистон" тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шавад."Аз 1 январи соли 2025 ба муҳлати шаш моҳ содироти маҳсулоти сабук, авиакеросин ва сӯзишвории дизелӣ, газойл, толуол, ксилол ва битуми нефтӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон берун аз қаламрави гумрукии ИИАО манъ карда мешавад", — навиштааст Вазорати энергетика.Аммо, истисноҳо вуҷуд доранд:Инчунин навъҳои алоҳидаи маҳсулоти нафтӣ, ки дар доираи кӯмаки башардӯстона бо қарори ҳукумати Қазоқистон содир карда мешаванд.Манъи содироти маҳсулоти нафтӣ берун аз ҳудуди ИИАО ба Қазоқистон имкон медиҳад, ки иқтидорҳои ғайрифаъоли корхонаҳои нафтполоиро бо рохи коркарди махсулоти нимтайёр ба кор андозанд ва ҳамин тавр норасоии сузишворию равғанҳои молиданӣ дар дохили кишварро кам кунанд.Он ҳамчунин ба мо имкон медиҳад, ки шартҳои интиқоли бебоҷро иҷро кунем ва реэкспорти маҳсулоти нафтии воридшударо аз байн бардорем.
https://sputnik.tj/20241128/toqaev-ostona-maskav-iiao-samaranok-kor-1065303413.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101444/71/1014447141_120:0:2851:2048_1920x0_80_0_0_b1806280eac876e72536e504bc215a35.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, бензин. дизел, содирот, қазоқистон
ииао, авруосиё, бензин. дизел, содирот, қазоқистон
Танҳо ба кишварҳои ИИАО: Қазоқистон содироти бензин ва дизелро манъ хоҳад кард
18:59 29.11.2024 (Навсозишуда: 20:41 29.11.2024) Ҳукумати Қазоқистон тасмим гирифтааст аз 1 январи соли 2025 содироти сӯзишвории бензин ва дизелро ба ғайр аз кишварҳои ИИАО манъ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Аз 1 январи соли 2025 Қазоқистон содироти бензин ва дизелро берун аз ҳудуди Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё манъ хоҳад кард.
Вазорати энергетикаи Қазоқистон пешниҳод кардааст, ки ба фармони муштарак "Дар бораи баъзе масъалаҳои содироти маҳсулоти нафтӣ аз қаламрави Қазоқистон" тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шавад.
"Аз 1 январи соли 2025 ба муҳлати шаш моҳ содироти маҳсулоти сабук, авиакеросин ва сӯзишвории дизелӣ, газойл, толуол, ксилол ва битуми нефтӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон берун аз қаламрави гумрукии ИИАО манъ карда мешавад", — навиштааст Вазорати энергетика.
Аммо, истисноҳо вуҷуд доранд:
баровардан дар зарфҳои газ, ки аз ҷониби истеҳсолкунандаи воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудааст;
содироти сӯзишвории авиатсионӣ барои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ.
Инчунин навъҳои алоҳидаи маҳсулоти нафтӣ, ки дар доираи кӯмаки башардӯстона бо қарори ҳукумати Қазоқистон содир карда мешаванд.
Манъи содироти маҳсулоти нафтӣ берун аз ҳудуди ИИАО ба Қазоқистон имкон медиҳад, ки иқтидорҳои ғайрифаъоли корхонаҳои нафтполоиро бо рохи коркарди махсулоти нимтайёр ба кор андозанд ва ҳамин тавр норасоии сузишворию равғанҳои молиданӣ дар дохили кишварро кам кунанд.
Он ҳамчунин ба мо имкон медиҳад, ки шартҳои интиқоли бебоҷро иҷро кунем ва реэкспорти маҳсулоти нафтии воридшударо аз байн бардорем.