https://sputnik.tj/20241029/prokurori-sughd-javonoro-az-tamoshoi-filmhoi-targhibkunandai-fahshu-zurovari-mahdud-kuned-1064902788.html
Прокурори Суғд: Ҷавононро аз тамошои филмҳои тарғибкунандаи фаҳшу зӯроварӣ маҳдуд кунед
Прокурори Суғд: Ҷавононро аз тамошои филмҳои тарғибкунандаи фаҳшу зӯроварӣ маҳдуд кунед
Sputnik Тоҷикистон
Прокурори вилояти Суғд ахиран хостори назорати қатъӣ ва доимии донишандӯзии хонандагон аз ҷониби омӯзгорону волидон шуд
2024-10-29T15:29+0500
2024-10-29T15:29+0500
2024-10-29T15:36+0500
дар тоҷикистон
суғд
прокурор
ҷавонон
маҳдуд
филм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1d/1064902300_0:69:526:365_1920x0_80_0_0_b6c9e7ba2aa549a232b82c7c62d791f5.jpg
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Прокурори вилояти Суғд Фурқат Хоҷазода пешниҳодҳои худро дар ин бора ахиран дар толори Мақомоти дар мулоқот бо аҳли ҷомеа, ходимони дин ва фаъолони ноҳияи Мастчоҳ баён доштааст.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масъалаҳои сафарбарӣ ба хизмати ҳарбӣ, таълиму тарбияи кӯдакону наврасон, танзими ҷашну маросим, қонуншиканӣ дар самти замин, пешгирии хурофотпарастӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар ноҳия мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.Прокурори вилояти Суғд Фурқат Хоҷазода барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб дар байни ҷомеа ёдовар гардид.Вай аз ҳозирин даъват кард, ки тамоми кӯшишу талоши худро баҳри пешгирии ҷинояткорӣ ва қонунвайронкуниҳо сафарбар намоянд.“Баҳри пешгирии ҷинояткорӣ бояд шахсони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешанд”, - гуфт прокурори вилоят.Қайд карда шудааст, ки дар ин ҷаласа прокурори вилоят барои назорати қатъӣ ва доимии донишандӯзии хонандагон аз ҷониби омӯзгорону волидон, маҳдуд намудани тамошои ҳаргуна филмҳои тарғибкунандаи фаҳшу зӯроварӣ, таъмини ҷавонон бо ҷойи доимии корӣ, ҷалби ҳарчи бештари фаъолони ҷомеъа ва ходимони дин барои кор бо аҳолӣ, пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб, мубориза бар зидди таълимоти ғайриқонунии динӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.Ҳамчунин дар ин мулоқот дигар камбудиҳои соҳаҳо низ баррасӣ гардида, масъулин вазифадор карда шуданд, ки баҳри пешгирии ҷинояткорӣ дар маҳалҳо пайваста бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо доир намуда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳувияти миллӣ ва зиракии сиёсии ҳар як шаҳрванд, ба хусус ҷавонон чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20240808/afzoishi-jinoyatkori-tojikiston-odamkushi-duzdi-ziyod-1063853812.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1d/1064902300_0:54:485:418_1920x0_80_0_0_a3952dffd9655fa8f2acb6847b826e8d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, ҷавонон, ҷинояткорӣ, филмҳо, фаҳш, зӯроварӣ
тоҷикистон, суғд, ҷавонон, ҷинояткорӣ, филмҳо, фаҳш, зӯроварӣ
Прокурори Суғд: Ҷавононро аз тамошои филмҳои тарғибкунандаи фаҳшу зӯроварӣ маҳдуд кунед
15:29 29.10.2024 (Навсозишуда: 15:36 29.10.2024) Прокурори вилояти Суғд ахиран хостори назорати қатъӣ ва доимии донишандӯзии хонандагон аз ҷониби омӯзгорону волидон шуд
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Прокурори вилояти Суғд Фурқат Хоҷазода пешниҳодҳои худро дар ин бора ахиран дар толори Мақомоти дар мулоқот бо аҳли ҷомеа, ходимони дин ва фаъолони ноҳияи Мастчоҳ баён доштааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масъалаҳои сафарбарӣ ба хизмати ҳарбӣ, таълиму тарбияи кӯдакону наврасон, танзими ҷашну маросим, қонуншиканӣ дар самти замин, пешгирии хурофотпарастӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар ноҳия мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Прокурори вилояти Суғд Фурқат Хоҷазода барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб дар байни ҷомеа ёдовар гардид.
Вай аз ҳозирин даъват кард, ки тамоми кӯшишу талоши худро баҳри пешгирии ҷинояткорӣ ва қонунвайронкуниҳо сафарбар намоянд.
“Баҳри пешгирии ҷинояткорӣ бояд шахсони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешанд”, - гуфт прокурори вилоят.
Қайд карда шудааст, ки дар ин ҷаласа прокурори вилоят барои назорати қатъӣ ва доимии донишандӯзии хонандагон аз ҷониби омӯзгорону волидон, маҳдуд намудани тамошои ҳаргуна филмҳои тарғибкунандаи фаҳшу зӯроварӣ, таъмини ҷавонон бо ҷойи доимии корӣ, ҷалби ҳарчи бештари фаъолони ҷомеъа ва ходимони дин барои кор бо аҳолӣ, пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб, мубориза бар зидди таълимоти ғайриқонунии динӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин дар ин мулоқот дигар камбудиҳои соҳаҳо низ баррасӣ гардида, масъулин вазифадор карда шуданд, ки баҳри пешгирии ҷинояткорӣ дар маҳалҳо пайваста бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо доир намуда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳувияти миллӣ ва зиракии сиёсии ҳар як шаҳрванд, ба хусус ҷавонон чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.