https://sputnik.tj/20241217/mirzonabot-mushkili-aloqau-barqrasoni-vmkb-hisoboti-daqiq-1065535759.html
Мирзонабот аз мушкили алоқаю барқрасонӣ дар ВМКБ гуфту аз тобеинаш ҳисоботи дақиқ хост
Мирзонабот аз мушкили алоқаю барқрасонӣ дар ВМКБ гуфту аз тобеинаш ҳисоботи дақиқ хост
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасдиқ кард, ки дар аксар деҳоти дурдаст реҷаи таъминоти қувваи барқ кам карда шудааст
2024-12-17T09:36+0500
2024-12-17T09:36+0500
2024-12-17T12:24+0500
дар тоҷикистон
вмкб
барқ
барқрасонӣ
алоқаи мобилӣ
алишер мирзонабот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065160179_0:92:3072:1820_1920x0_80_0_0_4ad834eaef1200d02464a1fc1e6b6209.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ахиран раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар ҷаласае бо масъулин масъалаи дастрасии аҳолӣ ба неруи барқ ва алоқаи босифати интернет баррасӣ кард.Дар ин ҷаласа директори Ширкати барқии "Помирэнерҷи" Амрихон Раҳимов иброз дошт, ки рӯзҳои охир аз сабаби хунук ва сард шудани ҳаво, ҳамчунин яхбандии шадид дар кули Яшикул ва норасоии об, қувваи барқ ба аҳолии вилоят ба тариқи реҷа интиқол дода мешавад.Ҳамчунин дар ҷаласа қайд карда шуд, ки айни замон танҳо маркази ВМКБ - шаҳри Хоруғ ва марказҳои ноҳияҳо бо қувваи барқи доимӣ таъмин гардида, дар баъзе аз деҳоти дурдаст неруи барқ дар давоми чанд соат тариқи реҷа ҷорӣ гардидааст.Дар ҳамин ҳол, раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ вобаста ба кам кардани реҷаи таъминоти қувваи барқ дар деҳоти дурдаст, дастрасии аҳолӣ ба алоқаи мобилии босифат ба масъулини дахлдор супоришҳои иловагӣ додааст.Дар ҷараёни машаварт, ҳамчунин пешниҳоди Прократураи ВМКБ оид ба бартараф намудани қонунвайронкунӣ ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда вобаста ба масъалаи зимистонгузаронӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва идораву муасисаҳо шунида шуд. Роҳбарияти вилоят раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва сардорони идораву муасисаҳоро вазифадор намуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар муҳлати муайяншуда иҷро кунанд ва аз натҷиаи он маълумоти пурра диҳанд.
https://sputnik.tj/20241030/vazorat-tamiri-khathoi-intiqoli-barq-sadamavi-darvoz-1064918947.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065160179_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_9f3c00ebf6646af27006ae31b5722e1c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вмкб, барқрасонӣ, камбди барқ, реҷаи таъминот
тоҷикистон, вмкб, барқрасонӣ, камбди барқ, реҷаи таъминот
Мирзонабот аз мушкили алоқаю барқрасонӣ дар ВМКБ гуфту аз тобеинаш ҳисоботи дақиқ хост
09:36 17.12.2024 (Навсозишуда: 12:24 17.12.2024) Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасдиқ кард, ки дар аксар деҳоти дурдаст реҷаи таъминоти қувваи барқ кам карда шудааст
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ахиран раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар ҷаласае бо масъулин масъалаи дастрасии аҳолӣ ба неруи барқ ва алоқаи босифати интернет баррасӣ кард.
Дар ин ҷаласа директори Ширкати барқии "Помирэнерҷи" Амрихон Раҳимов иброз дошт, ки рӯзҳои охир аз сабаби хунук ва сард шудани ҳаво, ҳамчунин яхбандии шадид дар кули Яшикул ва норасоии об, қувваи барқ ба аҳолии вилоят ба тариқи реҷа интиқол дода мешавад.
Ҳамчунин дар ҷаласа қайд карда шуд, ки айни замон танҳо маркази ВМКБ - шаҳри Хоруғ ва марказҳои ноҳияҳо бо қувваи барқи доимӣ таъмин гардида, дар баъзе аз деҳоти дурдаст неруи барқ дар давоми чанд соат тариқи реҷа ҷорӣ гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ вобаста ба кам кардани реҷаи таъминоти қувваи барқ дар деҳоти дурдаст, дастрасии аҳолӣ ба алоқаи мобилии босифат ба масъулини дахлдор супоришҳои иловагӣ додааст.
Дар ҷараёни машаварт, ҳамчунин пешниҳоди Прократураи ВМКБ оид ба бартараф намудани қонунвайронкунӣ ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда вобаста ба масъалаи зимистонгузаронӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва идораву муасисаҳо шунида шуд.
Роҳбарияти вилоят раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва сардорони идораву муасисаҳоро вазифадор намуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар муҳлати муайяншуда иҷро кунанд ва аз натҷиаи он маълумоти пурра диҳанд.