ИИАО худро ҳамчун лоиҳаи муассири ҳамгироӣ муаррифӣ кард - Мишустин

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр РФ Михаил Мишустин. Архивное фото
Премьер-министр РФ Михаил Мишустин. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2024
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. ИИАО худро ҳамчун лоиҳаи самараноки ҳамгироӣ дар асоси баробарӣ ва бо назардошти манфиатҳои ҳар як иштирокчӣ муаррифӣ кардааст.
Дар ин бора сарвазири Русия Михаил Мишустин дар мусоҳиба бо "Российская газета" хабар дод.
Ӯ қайд кард, ки доираи давлатҳои нозир дар иттиҳодия васеъ мешавад.
Мишустин: Ҳамкориҳоро бо кишварҳои ИДМ ва ИИАО бояд тақвият диҳем
Чунин мақом ба ҷуз Ӯзбекистон ва Куба ба Эрон низ дода мешавад. Илова бар ин бо чор давлат шартномаи савдои озод баста шудааст.
"ИИАО ҳамчун як лоиҳаи муассири ҳамгироӣ дар асоси баробарӣ ва бо назардошти манфиатҳои ҳар як иштирокчӣ муаррифӣ шудааст. Ба "панҷгона" шомил мешаванд: якдигарро шунидан, бовар кардан, ҷустуҷӯ кардан ва пайдо кардани созиш ва эҳтиром ба меъёрҳои байналмиллалӣ", - таъкид намуд Мишустин.
Ӯ зикр намуд, ки дар шароити муосир маҳз ҳамин принсепҳо ИИАО- ро аз бисёр созмонҳои минтақавӣ фарқ мекунад. Аз ин рӯ, шумораи зиёди кишварҳо ва ассотсиатсияҳо ба ҳамкорӣ бо Иттиҳод таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0