Баъди садамаҳои маргбор дар Кӯлоб роҳи мошинҳои боркашро дигар мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевВорота в Куляб. Архивное фото
Ворота в Куляб. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2024
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон барои кам ворид гардидани автомашинаҳои боркаш ба дохили шаҳри Кӯлоб лоиҳаи сохтмони дигар роҳро берун аз шаҳр баррасӣ дорад
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Ахиран мақомоти ашҳри Кӯлоб хабар додааст, ки бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи таворавӣ аз даромадгоҳи шаҳр то роҳи самти Кӯлоб - Хоруғ барои кам ворид гардидани автомашинаҳои боркаш ба дохили шаҳр сохта мешавад.
Қайд карда шудааст, ки айни замон таҳияи лоиҳаи сохтмони роҳ ба дарозии 10,8 км идома дорад.
Бояд гуфт, ки тасмими мазкур баъд аз чандин садамаҳои маргбор дар дохили шаҳри Кӯлоб, ки дар даҳҳо нафар кушта ва осеб диданд гирифта шудааст.
Ёдовари мешавем, ки садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб шоми 6-уми август рух дод. Мошини боркаш, бар асари аз кор мондани дастгоҳи тормоз хонаҳо, худравҳо ва сокинонро зер намуд.
Дар натиҷаи ин фоҷиа 10 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафар маҷруҳ шуданд.
Автомобильная дорога, ведущая к городу Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2024
Эҳтимоли фаромадани тармаву сангрезӣ дар роҳҳо: Ҳушдори вазорат нақлиёт ба ронандагон
Инчунин чандин хонаю мошин хароб гардиданд. Мақомот мегӯянд, ба 7 нафар аз зарардидагон, ки мошинашон осеб дид, мошинҳои нав дода шуданд.
Ҳамчунин ахирна мақомоти шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки сохтмони пул дар сойи Тебалай оғоз ёфт ва он барои ҳаркати мунтазам ва бехатари нақлиёт мусоидат хоҳад намуд.
Барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Кӯлоб 18 аломати роҳ насб карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0