https://sputnik.tj/20241215/yodgori-tojikiston-tavon-osiyoi-markazi-barq-1065521300.html
Ёдгорӣ: Тоҷикистон тавони таъмини пурраи Осиёи Марказӣ бо барқро дорад
Ёдгорӣ: Тоҷикистон тавони таъмини пурраи Осиёи Марказӣ бо барқро дорад
Sputnik Тоҷикистон
Аз рӯи ҳисоби миёнаи байналмилалӣ истеҳсолоти яксолаи Неругоҳи "Роғун" то 65-70 млн доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод, мегӯяд намояндаи "Барқи тоҷик"
2024-12-15T15:25+0500
2024-12-15T15:25+0500
2024-12-15T15:25+0500
дар тоҷикистон
нбо "роғун"
нозирҷон ёдгорӣ
барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032097920_0:317:3076:2047_1920x0_80_0_0_74f09fc4a488df6dac44f28da75db51c.jpg
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Тоҷикистон тавони таъмини Осиёи Марказӣ бо барқи аз нигоҳи экологӣ тозаро дорад. Тибқи маълумоти СММ, феълан кишварҳои Осиёи Марказӣ тақрибан 150 млрд кВт-соат қувваи барқро истифода мебаранд, ки ҳиссаи нерӯгоҳҳои обӣ ҳудуди 29%-ро ташкил медиҳад, мегӯяд Нозирҷон Ёдгорӣ сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" бо нашри як матлаб.Ба таъкиди ӯ, ҳаҷми умумии захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон нисбат ба ҳаҷми барқе, ки дар Осиёи Марказӣ истифода мешавад, 4 баробар зиёд мебошад.Вай таъкид кардааст, ки Неругоҳи барқи обии "Роғун" метавонад ба таъмини тамоми минтақа манфиатбахш бошад ва ҳоло бо Ӯзбекистон ва Қазоқистон бобати ба онҳо интиқол додани барқи НБО "Роғун" шартнома баста шудааст.Нозирҷон Ёдгорӣ бо такя ба охирин арзёбии экологию иҷтимоии нерӯгоҳи "Роғун" иттилоъ додаст, ки обанбори он то соли 2036 то нуқтаи ниҳоӣ пур мешавад ва охирин агрегаташ бошад соли 2029 ба истифода дода хоҳад шуд."Зуҳури "Роғун" умри неругоҳҳои поёноб, бахусус Неругоҳи барқи обии "Норак"-ро сад сол дароз менамояд. Баъди пурра ба кор даромадани НБО "Роғун" имконият пайдо мегардад, ки дар як сол аз дарёи Вахш зиёда аз 34 миллиард кВт- соат неруи барқ истеҳсол кард",- афзудааст ин масъули "Барқи тоҷик". Ба гуфтаи ӯ, агар мо бо нархи миёнаи ҳар кВт.соат, ки аз рӯи ҳисоби миёнаи байналмилалӣ 6 сент баҳогузорӣ мешавад ва рӯ ба афзоиш дорад, ҳисоб намоем, истеҳсолоти яксолаи Неругоҳ то 65-70 млн доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод.Таъкид мешавад, ки аз ҳисоби захираи обанбор 360 ҳазор гектар заминҳои навкорам кушода мешаванд ва таъминоти оби системаҳои ирригатсионӣ дар ҳавзаи дарёи Ому ба миқдори 4,3 млн гектар афзоиш меёбад;Тавлидоти неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон бошад, бо истифода аз обанбори "Роғун" 1,3 маротиба зиёд мегардад.
https://sputnik.tj/20241129/korshinos-tojikiston-sodirot-nerui-barq-qazoqiston-sudmand-1065321508.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032097920_347:0:3076:2047_1920x0_80_0_0_e55431f17e6284e2d7b22af692480a64.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ёдгорӣ тоҷикистон таъмин осиёи марказӣ барқ
ёдгорӣ тоҷикистон таъмин осиёи марказӣ барқ
Ёдгорӣ: Тоҷикистон тавони таъмини пурраи Осиёи Марказӣ бо барқро дорад
Аз рӯи ҳисоби миёнаи байналмилалӣ истеҳсолоти яксолаи Неругоҳи "Роғун" то 65-70 млн доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод, мегӯяд намояндаи "Барқи тоҷик"
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Тоҷикистон тавони таъмини Осиёи Марказӣ бо барқи аз нигоҳи экологӣ тозаро дорад.
Тибқи маълумоти СММ, феълан кишварҳои Осиёи Марказӣ тақрибан 150 млрд кВт-соат қувваи барқро истифода мебаранд, ки ҳиссаи нерӯгоҳҳои обӣ ҳудуди 29%-ро ташкил медиҳад, мегӯяд Нозирҷон Ёдгорӣ сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" бо нашри як матлаб.
Ба таъкиди ӯ, ҳаҷми умумии захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон нисбат ба ҳаҷми барқе, ки дар Осиёи Марказӣ истифода мешавад, 4 баробар зиёд мебошад.
"Мамлакатҳои Осиёи Марказӣ айни ҳол дар давоми сол тақрибан 150 млрд кВт-соат қувваи барқро истифода мебаранд. Ҳаҷми умумии захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон нисбат ба ҳаҷми имрӯзаи истифодаи қувваи барқ дар ҳамаи чор мамлакати Осиёи Марказӣ 4 баробар зиёд мебошад",- гуфтааст Ёдгорӣ.
Вай таъкид кардааст, ки Неругоҳи барқи обии "Роғун" метавонад ба таъмини тамоми минтақа манфиатбахш бошад ва ҳоло бо Ӯзбекистон ва Қазоқистон бобати ба онҳо интиқол додани барқи НБО "Роғун" шартнома баста шудааст.
Нозирҷон Ёдгорӣ бо такя ба охирин арзёбии экологию иҷтимоии нерӯгоҳи "Роғун" иттилоъ додаст, ки обанбори он то соли 2036 то нуқтаи ниҳоӣ пур мешавад ва охирин агрегаташ бошад соли 2029 ба истифода дода хоҳад шуд.
"Зуҳури "Роғун" умри неругоҳҳои поёноб, бахусус Неругоҳи барқи обии "Норак"-ро сад сол дароз менамояд. Баъди пурра ба кор даромадани НБО "Роғун" имконият пайдо мегардад, ки дар як сол аз дарёи Вахш зиёда аз 34 миллиард кВт- соат неруи барқ истеҳсол кард",- афзудааст ин масъули "Барқи тоҷик".
Ба гуфтаи ӯ, агар мо бо нархи миёнаи ҳар кВт.соат, ки аз рӯи ҳисоби миёнаи байналмилалӣ 6 сент баҳогузорӣ мешавад ва рӯ ба афзоиш дорад, ҳисоб намоем, истеҳсолоти яксолаи Неругоҳ то 65-70 млн доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод.
Таъкид мешавад, ки аз ҳисоби захираи обанбор 360 ҳазор гектар заминҳои навкорам кушода мешаванд ва таъминоти оби системаҳои ирригатсионӣ дар ҳавзаи дарёи Ому ба миқдори 4,3 млн гектар афзоиш меёбад;
Тавлидоти неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон бошад, бо истифода аз обанбори "Роғун" 1,3 маротиба зиёд мегардад.