https://sputnik.tj/20241209/bujai-tojikiston-chi-guna-masraf-meshavad-1065441746.html
Буҷаи Тоҷикистон дар соли 2025 чӣ гуна масраф мешавад
Буҷаи Тоҷикистон дар соли 2025 чӣ гуна масраф мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Парлумони кишварн тарҳи қонуни буҷаи соли 2025 – ро қабул кард ва ба палатаи болии парлумони кишвар равон кард
2024-12-09T18:59+0500
2024-12-09T18:59+0500
2024-12-09T18:59+0500
тасвирбаён
буҷа
иқтисод
ммд
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/09/1065436083_0:0:1333:749_1920x0_80_0_0_3cf25d743182697cd43e402f071a792d.jpg
ДУШАНБЕ, 9 дек – Sputnik. Дар ин буҷа боз ҳам авлавият ба соҳоти дифоъ, иҷтимоӣ, маориф ва тандурустӣ дода шудааст.Бино ба санаде, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) – и кишвар, барои соли 2024 143 миллиарду 945 миллион ва барои соли 2025 166 миллиарду 065 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 22 миллиону 120 ҳазор сомонӣ ё 15,4% бештар аст.Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар соли 2024 42 миллиарду 956,5 ва 49 миллиарду 229,9 миллион, ё 6 миллиарду 273,4 миллион сомонӣ (14,6%) бештар дар соли 2025 ҳисоб мешавад, ки 29,6% ММД – ро ташкил мекунад.Дар ҳамин ҳол, ҳамҷи умумии хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2025 51 миллиарду 230,9 миллион (соли 2024 - 44 миллиарду 108,0 миллион) сомонӣ ё 7 миллиарду 122,9 миллион (16,1%) бештар пешбинӣ шудааст, ки 30,8% (соли 2024 - 30,6%) - и ММД – ро ташкил медиҳад.Маблағҳои буҷетие, ки аз он барои пардохти музди меҳнат ва сармоягузории асосии мутамарказ харҷ мешавад, барои соли 2025 37 миллиарду 645,1 (2024 - 30 миллиарду 281,3) миллион ё 7 миллиарду 363,8 миллион сомонӣ (24,3%) бештар аст, ки ба 22,7% (2024 – 21%) – и ММД баробар аст.Коҳишу афзоишҳои буҷаи 2025Ҳамзамон маблағ барои пардохти қарзи берунии асосӣ 3 миллиарду 144,6 (соли 2024 - 1 миллиарду 471,9) ё 1 миллиарду 672,7 (113,6%) миллион сомонӣ бештар ҷудо шудааст ва ин баробар ба 1,9% (2024 - 1%) – и ММД аст. Барои пардохти фоизҳои қарзи асосӣ 1 миллиарду 044,6 (2024 - 1 миллиарду 109,9) ё 65,3 (5,9%) миллион сомонӣ камтар ва баробар ба 0,6% (2024 - 0,8%) – и ММД тахсис ёфтааст.Ва ниҳоят каср ё камбуди буҷет дар буҷаи соли 2025 2 миллиарду 1 (2024 – 2 миллиарду 151,6) ё 849 миллион (73,8%) афзудааст, ки 1,2% (2024-0,8%) – и ММД-ро ташкил мекунад.Бино ба қарори ҳукумати Тоҷикистон, тарҳи буҷаи кишвар ҳамасола аз сӯи як гуруҳи махсуси ниҳодҳои ҳукуматии Тоҷикистон таҳия шуда, ҳамасола 20 сентябр ба баррасии ҳукумат пешниҳод мешавад ва пас аз 1 октябр баробари аз таътил баргаштани намояндагони мардум ба Маҷлиси намояндагон барои тасдиқ пешниҳод мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/09/1065436083_163:0:1162:749_1920x0_80_0_0_9cc1623c65c2c388c323193df928fe3a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, буҷа, масраф, хароҷот, даромад, ммд, тасвирбаён
тоҷикистон, буҷа, масраф, хароҷот, даромад, ммд, тасвирбаён
Буҷаи Тоҷикистон дар соли 2025 чӣ гуна масраф мешавад
Парлумони кишварн тарҳи қонуни буҷаи соли 2025 – ро қабул кард ва ба палатаи болии парлумони кишвар равон кард
ДУШАНБЕ, 9 дек – Sputnik. Дар ин буҷа боз ҳам авлавият ба соҳоти дифоъ, иҷтимоӣ, маориф ва тандурустӣ дода шудааст.
Бино ба санаде, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) – и кишвар, барои соли 2024 143 миллиарду 945 миллион ва барои соли 2025 166 миллиарду 065 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 22 миллиону 120 ҳазор сомонӣ ё 15,4% бештар аст.
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар соли 2024 42 миллиарду 956,5 ва 49 миллиарду 229,9 миллион, ё 6 миллиарду 273,4 миллион сомонӣ (14,6%) бештар дар соли 2025 ҳисоб мешавад, ки 29,6% ММД – ро ташкил мекунад.
Дар ҳамин ҳол, ҳамҷи умумии хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2025 51 миллиарду 230,9 миллион (соли 2024 - 44 миллиарду 108,0 миллион) сомонӣ ё 7 миллиарду 122,9 миллион (16,1%) бештар пешбинӣ шудааст, ки 30,8% (соли 2024 - 30,6%) - и ММД – ро ташкил медиҳад.
Маблағҳои буҷетие, ки аз он барои пардохти музди меҳнат ва сармоягузории асосии мутамарказ харҷ мешавад, барои соли 2025 37 миллиарду 645,1 (2024 - 30 миллиарду 281,3) миллион ё 7 миллиарду 363,8 миллион сомонӣ (24,3%) бештар аст, ки ба 22,7% (2024 – 21%) – и ММД баробар аст.
Ҳамзамон маблағ барои пардохти қарзи берунии асосӣ 3 миллиарду 144,6 (соли 2024 - 1 миллиарду 471,9) ё 1 миллиарду 672,7 (113,6%) миллион сомонӣ бештар ҷудо шудааст ва ин баробар ба 1,9% (2024 - 1%) – и ММД аст. Барои пардохти фоизҳои қарзи асосӣ 1 миллиарду 044,6 (2024 - 1 миллиарду 109,9) ё 65,3 (5,9%) миллион сомонӣ камтар ва баробар ба 0,6% (2024 - 0,8%) – и ММД тахсис ёфтааст.
Ва ниҳоят каср ё камбуди буҷет дар буҷаи соли 2025 2 миллиарду 1 (2024 – 2 миллиарду 151,6) ё 849 миллион (73,8%) афзудааст, ки 1,2% (2024-0,8%) – и ММД-ро ташкил мекунад.
Бино ба қарори ҳукумати Тоҷикистон, тарҳи буҷаи кишвар ҳамасола аз сӯи як гуруҳи махсуси ниҳодҳои ҳукуматии Тоҷикистон таҳия шуда, ҳамасола 20 сентябр ба баррасии ҳукумат пешниҳод мешавад ва пас аз 1 октябр баробари аз таътил баргаштани намояндагони мардум ба Маҷлиси намояндагон барои тасдиқ пешниҳод мешавад.