https://sputnik.tj/20241215/dar-fft-faoliyati-dovaronro-tanqidu-maoshashonro-baland-kardand-1065519630.html
Дар ФФТ фаъолияти доваронро танқиду маошашонро баланд карданд
Дар ФФТ фаъолияти доваронро танқиду маошашонро баланд карданд
Sputnik Тоҷикистон
Соли оянда довароне, ки дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон кор мекунанд, барои холҳои пасти гирифтаашон ҷарима хоҳанд шуд, мегӯяд ФФТ
2024-12-15T11:37+0500
2024-12-15T11:37+0500
2024-12-14T20:09+0500
дар тоҷикистон
ффт
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048175916_0:257:2858:1865_1920x0_80_0_0_e26b04a0d06f15e14c429f22f114b24c.jpg
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Аъзои нави Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъолияти доварони ФФТ-ро шадидан танцид кардаанд.Онҳо ба Департаменти доварон ва нозирони ФФТ тавсия доданд, ки сатҳи доварӣ беҳтар карда шавад, аммо дафтари матбуотии ин ниҳод сабабҳои танқиду норозигиҳо аз ҳакамонро шарҳ надодааст. Аммо дар ҳаминҳо Кумитаи иҷроияи ФФТ ба хотири баланд бардоштани сифати доварӣ тасмим гирифт, ки музди маоши доварон, нозирон ва комиссаронро дар мавсими нав 30 дарсад боло баранд. Аммо сар аз соли 2025 довароне, ки дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон кор мекунанд, барои холҳои пасти гирифтаашон ҷарима хоҳанд шуд, гуфтааст, манбаъ.Бар асоси нақша қарор аст, ки мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 7-уми март оғоз шуда, дар ду марҳила баргузор мешавад.Варзишгоҳи марказии Ҳисор макони баргузории бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 байни қаҳрамони кишвар – "Истиқлол"-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон – "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода тасдиқ карда шуд. Вохӯрӣ 25 май дар Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор мешавад. Ҳамчунин тасдиқ шудааст, ки дар соли 2025 ҳар марҳилаи Ҷоми кишвар аз як бозӣ иборат гашта, вохӯрии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд сурат мегирад.Дар соли оянда маҳдудият барои бозигарони хориҷӣ дар чемпионати Тоҷикистон тағйир намеёбад.Тибқи қоидаи тасдиқшуда, ҳар як бошгоҳи лигаи олӣ метавонад то ҳафт бозигари хориҷиро ба ҳайати худ шомил кунад, вале то панҷ легионер дар як вақт ба майдон иҷозат дода мешавад.Кумитаи иҷроия макони баргузории бозии нахустини тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи "А" муқобили тими миллии Тимори Шарқиро тасдиқ кард. Ин вохӯрӣ рӯзи 25 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 16:00 оғоз меёбад. Ҳамчунин, Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯйхати беҳтарин бозигарон ва мураббиёни соли 2024-ро тасдиқ намуд.
https://sputnik.tj/20241214/rustami-emomali-digarbora-prezidenti-fft-shud-1065514394.html
https://sputnik.tj/20241211/naqsha-liga-futbol-tojikiston-sol-oyanda-muayyan-1065465407.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048175916_185:0:2672:1865_1920x0_80_0_0_1512947f3959f91c8a605d8937985063.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ффт фаъолият доварон танқид маош баланд
ффт фаъолият доварон танқид маош баланд
Дар ФФТ фаъолияти доваронро танқиду маошашонро баланд карданд
Соли оянда довароне, ки дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон кор мекунанд, барои холҳои пасти гирифтаашон ҷарима хоҳанд шуд, мегӯяд ФФТ
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Аъзои нави Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъолияти доварони ФФТ-ро шадидан танцид кардаанд.
Онҳо ба Департаменти доварон ва нозирони ФФТ тавсия доданд, ки сатҳи доварӣ беҳтар карда шавад, аммо дафтари матбуотии ин ниҳод сабабҳои танқиду норозигиҳо аз ҳакамонро шарҳ надодааст.
Аммо дар ҳаминҳо Кумитаи иҷроияи ФФТ ба хотири баланд бардоштани сифати доварӣ тасмим гирифт, ки музди маоши доварон, нозирон ва комиссаронро дар мавсими нав 30 дарсад боло баранд.
Аммо сар аз соли 2025 довароне, ки дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон кор мекунанд, барои холҳои пасти гирифтаашон ҷарима хоҳанд шуд, гуфтааст, манбаъ.
Бар асоси нақша қарор аст, ки мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 7-уми март оғоз шуда, дар ду марҳила баргузор мешавад.
Варзишгоҳи марказии Ҳисор макони баргузории бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 байни қаҳрамони кишвар – "Истиқлол"-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон – "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода тасдиқ карда шуд. Вохӯрӣ 25 май дар Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор мешавад.
Ҳамчунин тасдиқ шудааст, ки дар соли 2025 ҳар марҳилаи Ҷоми кишвар аз як бозӣ иборат гашта, вохӯрии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд сурат мегирад.
Дар соли оянда маҳдудият барои бозигарони хориҷӣ дар чемпионати Тоҷикистон тағйир намеёбад.
Тибқи қоидаи тасдиқшуда, ҳар як бошгоҳи лигаи олӣ метавонад то ҳафт бозигари хориҷиро ба ҳайати худ шомил кунад, вале то панҷ легионер дар як вақт ба майдон иҷозат дода мешавад.
Кумитаи иҷроия макони баргузории бозии нахустини тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи "А" муқобили тими миллии Тимори Шарқиро тасдиқ кард.
Ин вохӯрӣ рӯзи 25 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 16:00 оғоз меёбад.
Ҳамчунин, Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯйхати беҳтарин бозигарон ва мураббиёни соли 2024-ро тасдиқ намуд.