https://sputnik.tj/20241214/rustami-emomali-digarbora-prezidenti-fft-shud-1065514394.html
Рустами Эмомалӣ дигарбора президенти ФФТ шуд
Рустами Эмомалӣ дигарбора президенти ФФТ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба ҳамин минвол ҳамкнун Рустами Эмомалӣ ҳақ дорад тӯли чор соли дигар Федератсияи футболи Тоҷикистонро роҳбарӣ кунад
2024-12-14T12:45+0500
2024-12-14T12:45+0500
2024-12-14T12:45+0500
дар тоҷикистон
ффт
рустами эмомалӣ
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032465196_0:0:1201:676_1920x0_80_0_0_598d0d5524b29936513b6e856c570fa6.jpg
ДУШАНБЕ, 14 дек – Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва ҳамзамон шаҳрдори Душанбе дигарбора президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд.Маросими интихоби президенти ФФТ имрӯз дар як ҷаласаи ҳисоботӣ ва интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар меҳмонхонаи "Ҳятт Реҷенсӣ"-и пойтахт доир гашт.Ба ҳамин минвол, тибқи иттилои ФФТ ҳамкнун Рустами Эмомалӣ ҳақ дорад тӯли чор соли дигар Федератсияи футболи Тоҷикистонро роҳбарӣ кунад.Маврид ба зикр аст, ки Рустами Эмомалӣ дар ин мақом ҳанӯз соли 2012 нишаста буд.Он замон ӯ дар ин мансаб собиқ қумандони Фронти халқӣ Сӯҳроб Қосимовро иваз кард.Дар ин ҷаласа ҳамзамон Хуршед Мирзо ноиби якуми президенти ФФТ интихоб гардид. Алишер Урунов, Сайвалӣ Дониёрзода ва Искандар Ҷалилов ноибони президенти Федератсияи футболи кишвар интихоб шуданд.Илова бар ин, дар Конгресс ҳайати нави кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд. Ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ФФТ ба ҷуз аз президент ва чаҳор муовини ӯ инчунин Шоҳрух Саидзода, Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раҷаббой Аҳмадзода, Давлаталӣ Саид, Аҳтам Абдуллозода, Дилшод Ҷӯразода, Фарҳод Расулзода, Нурҷахон Исмоилзода, Зайнулло Шарифзода, Лутфия Абдулхолиқзода, Ҳусейн Халилзода ва Фарҳод Мирзоев шомил гардиданд.Гуфта мешавад, ки дар Конгресси ФФТ ҳамчунин гузориш дар бораи фаъолияти молиявии федератсия дар соли 2023, буҷаи созмон барои соли 2025, гузориши аудитори мустақил дар бораи фаъолияти молиявию иқтисодии он дар соли 2023 ба тасвиб расид ва инчунин аудитори мустақили фаъолияти молиявию иқтисодии ФФТ барои солҳои 2025-2026 таъйин карда шуд. Дар кори Конгресси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе намояндагони Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва Конфедератсияи футболи Осиё ширкат карданд.
https://sputnik.tj/20240128/fft-khostor-tasis-dasta-nav-kasbi-danghara-1061437350.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032465196_48:0:1139:818_1920x0_80_0_0_a5f1379580112fb5a3889a6f7209e73f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустами эмомалӣ дигарбора президент ффт
рустами эмомалӣ дигарбора президент ффт
Рустами Эмомалӣ дигарбора президенти ФФТ шуд
Ба ҳамин минвол ҳамкнун Рустами Эмомалӣ ҳақ дорад тӯли чор соли дигар Федератсияи футболи Тоҷикистонро роҳбарӣ кунад
ДУШАНБЕ, 14 дек – Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва ҳамзамон шаҳрдори Душанбе дигарбора президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд.
Маросими интихоби президенти ФФТ имрӯз дар як ҷаласаи ҳисоботӣ ва интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар меҳмонхонаи "Ҳятт Реҷенсӣ"-и пойтахт доир гашт.
Ба ҳамин минвол, тибқи иттилои ФФТ ҳамкнун Рустами Эмомалӣ ҳақ дорад тӯли чор соли дигар Федератсияи футболи Тоҷикистонро роҳбарӣ кунад.
Маврид ба зикр аст, ки Рустами Эмомалӣ дар ин мақом ҳанӯз соли 2012 нишаста буд.
Он замон ӯ дар ин мансаб собиқ қумандони Фронти халқӣ Сӯҳроб Қосимовро иваз кард.
Дар ин ҷаласа ҳамзамон Хуршед Мирзо ноиби якуми президенти ФФТ интихоб гардид. Алишер Урунов, Сайвалӣ Дониёрзода ва Искандар Ҷалилов ноибони президенти Федератсияи футболи кишвар интихоб шуданд.
Илова бар ин, дар Конгресс ҳайати нави кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд.
Ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ФФТ ба ҷуз аз президент ва чаҳор муовини ӯ инчунин Шоҳрух Саидзода, Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раҷаббой Аҳмадзода, Давлаталӣ Саид, Аҳтам Абдуллозода, Дилшод Ҷӯразода, Фарҳод Расулзода, Нурҷахон Исмоилзода, Зайнулло Шарифзода, Лутфия Абдулхолиқзода, Ҳусейн Халилзода ва Фарҳод Мирзоев шомил гардиданд.
Гуфта мешавад, ки дар Конгресси ФФТ ҳамчунин гузориш дар бораи фаъолияти молиявии федератсия дар соли 2023, буҷаи созмон барои соли 2025, гузориши аудитори мустақил дар бораи фаъолияти молиявию иқтисодии он дар соли 2023 ба тасвиб расид ва инчунин аудитори мустақили фаъолияти молиявию иқтисодии ФФТ барои солҳои 2025-2026 таъйин карда шуд.
Дар кори Конгресси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе намояндагони Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва Конфедератсияи футболи Осиё ширкат карданд.