Соҳибкорони Хатлон барои таъмири роҳҳову пулҳо 181 миллион сомонӣ харҷ карданд

© Sputnik / Amir IsaevРемонт дорог, архивное фото
Ремонт дорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2024
Обуна шудан
Дар вилояти Хатлон бо саҳми соҳибкорон 251,3 километр роҳҳо таъмири асосӣ, 310,7 километр сангфарш ва 40 адад пулу қубур таъмиру азнавсозӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ахиран раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон хабар дод, ки дар миқёси вилоят давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ба масофаи 2571,7 километр роҳҳои автомобилгард ба маблағи умумии 228 миллиону 559 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ шудаас.
Вай таъкид кард, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли пешин ба маблағи 58,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Вай афзуд, аз ин ҳисоб 263,6 километр роҳҳо таъмири асосӣ, 345 километр сангфарш, 1963,1 километр таъмири ҷорӣ ва 136 адад пулу қубурҳо таъмир гардидааст.
Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон аз саҳми соҳибкорони вилоят дар таъмиру азнавсозии роҳҳову пулҳо таъкид кард.
Ба гуфтаи вай бо саҳми соҳибкорон ба маблағи 181 миллион сомонӣ 251,3 километр роҳҳо таъмири асосӣ, 310,7 километр сангфарш ва 40 адад пулу қубур таъмиру азнавсозӣ гардиданд.
Давлатали Саид, глава Хатлонской области Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2024
Бештари сармоя ба вилояти Хатлон аз Русия, Чин ва Эрон ворид шудааст
Ҳамчунин раиси вилоят аз таҷдиду азнавсозии роҳҳои вилоят қайд кард ва гуфт ҳукумат ба ин соҳа таваҷҷуҳи хос дорад
Вай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳи автомобилгарди Данғара-Бохтар, Бохтар-Левакант, Левакант-Данғара мисло овард ва дар бораи санги асос гузоштани сохтмони роҳи Данғара-Гулистон ва Гулистон-Фархор таъкид кард.
Лентаи хабарҳо
0