https://sputnik.tj/20241214/millionho-zara-kushta-khisorot-tojikiston-ofatho-tabi-malum-1065515345.html
Миллионҳо зарару 17 кушта: хисороти Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ маълум шуд
Миллионҳо зарару 17 кушта: хисороти Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи КҲФ мегӯяд, ки дар ин муддат 67 заминларза ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он хушбахтона талафот ба қайд гирифта нашудааст
2024-12-14T16:17+0500
2024-12-14T16:17+0500
2024-12-16T01:20+0500
дар тоҷикистон
кҳф
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1b/1057939863_0:0:960:540_1920x0_80_0_0_32ebd36c26ad47ef64333beded7ab689.jpg
ДУШАНБЕ, 14 дек- Sputnik. Зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 17 нафар бар асари офатҳои табиӣ ҷон бохтанд. Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли Ҷамшед Камолзода, сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ хабар медиҳад.Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли қаблӣ дар кишвар 550 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар пайи он 51 нафар ба ҳалокат расидаанд.Ба гуфтаи вай, хисороти офатҳои табиӣ беш аз 161 миллион сомонӣ ё беш аз 14,9 миллион долларро ташкил додааст.Таъкид шудааст, ки дар ин муддат 67 заминларза ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он талафот ба қайд гирифта нашудааст. "Дар солҳои охир заминларзаҳо барои Тоҷикистон хатари хеле зиёд доранд, дар ин кишвар чандин заминларзаи шадид ба вуқӯъ пайвастааст, аз ин рӯ фаҳмидани он, ки хатарҳо дар куҷо баландтар аст, мо дар охири соли 2024 лоиҳаи харитаи роҳро оид ба сохтмони манзилҳои тобовар ба офатҳои табиӣ ба итмом мерасонем", - гуфт ӯ.Камолзода ҳамчунин хабар додааст, ки давоми ёздаҳ моҳ дар ҷумҳурӣ 220 маротиба сел рух дода, ҷони 10 нафарро гирифтааст.
https://sputnik.tj/20241125/iftitohi-markaz-talimii-khf-omodasozi-najotdihandagon-tojikiston-video-1065262833.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1b/1057939863_120:0:840:540_1920x0_80_0_0_79d18893ecbdb7433b468b6f61d0ab88.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
миллионҳо зарар кушта хисорот тоҷикистон офатҳо табиӣ
миллионҳо зарар кушта хисорот тоҷикистон офатҳо табиӣ
Миллионҳо зарару 17 кушта: хисороти Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ маълум шуд
16:17 14.12.2024 (Навсозишуда: 01:20 16.12.2024) Намояндаи КҲФ мегӯяд, ки дар ин муддат 67 заминларза ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он хушбахтона талафот ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 14 дек- Sputnik. Зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 17 нафар бар асари офатҳои табиӣ ҷон бохтанд.
Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли Ҷамшед Камолзода, сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ хабар медиҳад.
"Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 636 ҳолати фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар ҳамин давраи соли гузашта 17 нафар фавтид", - гуфт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли қаблӣ дар кишвар 550 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар пайи он 51 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Ба гуфтаи вай, хисороти офатҳои табиӣ беш аз 161 миллион сомонӣ ё беш аз 14,9 миллион долларро ташкил додааст.
Таъкид шудааст, ки дар ин муддат 67 заминларза ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он талафот ба қайд гирифта нашудааст.
"Дар солҳои охир заминларзаҳо барои Тоҷикистон хатари хеле зиёд доранд, дар ин кишвар чандин заминларзаи шадид ба вуқӯъ пайвастааст, аз ин рӯ фаҳмидани он, ки хатарҳо дар куҷо баландтар аст, мо дар охири соли 2024 лоиҳаи харитаи роҳро оид ба сохтмони манзилҳои тобовар ба офатҳои табиӣ ба итмом мерасонем", - гуфт ӯ.
Камолзода ҳамчунин хабар додааст, ки давоми ёздаҳ моҳ дар ҷумҳурӣ 220 маротиба сел рух дода, ҷони 10 нафарро гирифтааст.