Маълуми шуд, ки вазири номдори Толибонро кӣ кушт

© Getty Images / Marcus YamХалиль аль-Рахман Хаккани. Архивное фото
Халиль аль-Рахман Хаккани. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2024
Обуна шудан
Гурӯҳи террористии ДОИШ** масъулияти ҳамлаи интиҳорӣ алайҳи вазири умури муҳоҷират ва удват кунандагон бар уҳда гирифт
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Гурӯҳи ДОИШ** эълом кард, ки Халилулраҳмон Ҳаққонӣ, вазири муҳоҷирини ҳукумати толибон, дар пайи ҳамлаи интиҳории як узви ин гуруҳ кушта шудааст.
Ҳаққонӣ чаҳоршанбе дар инфиҷоре дар назди вазорати умури муҳоҷирин ва удваткунандагон Толибон* кушта шуд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон* ахиран бо нашри баёнияе дар шабакаи иҷтимоии Х навишта, ки Халилулраҳмон Ҳаққонӣ дар як ҳамлаи "ноҷавонмардонаи хавориҷ" кушта шудааст.
Дар ин эъломияи Толибон* ишора шудааст, ки Халилулраҳмон Ҳаққонӣ "узви як хониводаи бузурги ҷиҳодӣ буд ва аз тарафи душманони Ислом бар сар ӯ панҷ милюн доллар ҷоизаи таъйин шуда буд; аммо ӯ имрӯз аз тарафи ҳамон хавориҷе кушта шуд, ки худро мусулмон мегуянд ва дигаронро такфир мекунад".
Делегация талибов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2024
Чин барои ба расмият шинохтани Толибон* бо кишварҳои минтақа роизанӣ мекунад
Халилулраҳмон Ҳаққонӣ мутаваллиди соли 1966 дар вилояти Пактиё дар шарқи Афғонистон буд. Ӯ падарамаки Сироҷиддин Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати дохилаи Толибон* бародари бунёнгузори шабакаи Ҳаққонӣ, Ҷалолиддини Ҳаққонӣ буд.
Ҷалолиддин Ҳаққонӣ аз фармондиҳони аршади муҷоҳидин дар баробари Шуравӣ дар даҳаи 1980 шинохта мешуд.
Аз ибтидои эъломи кабинаи ҳукумати Толибон* пас аз суқути низоми ҷумҳурият дар Афғонистон Халилулраҳмон Ҳаққонӣ ба унвони вазири умури муҳоҷирин ва удваткунандагон таъйин шуд, ки то замони кушта шуданаш дар ин вазифа боқии монда буд.
*-гӯруҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
**-созмони террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0