Рӯзи паёми солонаи Раҳмон ба парлумон дақиқ шуд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2024
Обуна шудан
Интизор меравад, ки раисҷумҳур дар ҳузури вакилон, аъзои ҳукумат, дипломатҳои хориҷию фаъолони ҷамъиятӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷияшро баён созад
ДУШАНБЕ, 12 дек - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми навбатияшро ба парлумони ҷумҳурӣ 28 декабр ироа хоҳад кард.
Дар ин бора Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ироаи паём дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт.
“Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 28 декабри соли 2024, соати 07:30 баргузор мегардад”, - иттилоъ додааст Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон .
Бино ба гузориши манбаъ, интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилон, аъзои ҳукумат, дипломатҳои хориҷию фаъолони ҷамъиятӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷияшро баён созад.
Президент республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2024
Раҳмон аз судяҳо хост ба савгандашон содиқ бошанд
Аз соли 2015 бар асоси риволи маъмӯл, раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи декабр бо арзёбии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, барномаи самту сӯи сиёсати хориҷӣ ва дохилиро барои соли баъд мушаххас мекунад.
Дар нишасти муштараки маҷлисҳои миллӣ ва намояндагони Тоҷикистон, раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, намояндагони сафоратҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, масъулони созмонҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва марокизи илмӣ ва донишгоҳии кишвар низ ширкат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0