Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Артиши Русия боз як деҳаро дар вилояти Курск аз нерӯҳои украинӣ озод кард

© Sputnik / Станислав Красильников / Гузариш ба медиабонкБоевая работа РСЗО "Град" группировки "Центр". Архивное фото
Боевая работа РСЗО Град группировки Центр. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2024
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия мегӯяд артиш амалиёти вижа барои берун кардани нерӯҳои украинӣ аз вилояти Курскро идома доранд
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Нерӯҳои Русия рустои наздимарзии Новоивановкаи вилояти Курскро аз нерӯҳои украинӣ пурра озод карданд, хабар медиҳад вазорати дифоъ.
"Воҳидҳои гурӯҳи нирӯҳои шимолӣ дар ҷараёни амалиёт шаҳраки Новоивановкаро озод карданд", - гуфта мешавад дар шарҳи вазорати дифои Русия.
Ҳамчунин дар минтақаи марзии Курск низ нирӯҳо ба нерӯҳои 11 бригадаи украинӣ ҳамла карданд.
Нерӯҳои ҳавоии Русия ва тӯпхонаӣ дар минтақаҳои чор минтақаи аҳолинишини вилояти Курск ва 8 нафар дар вилояти Сумаи Украина ба ҳайат ва техникам душман зарба заданд.
Артиши Русия нобудсозӣ ва берунсозии нерӯҳои украинӣ дар хоки Русияро идома медиҳад. Дар як рӯз Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ин хатти ҷабҳа беш аз 200 нафар ва аз рӯзи аввали ҳамла ба вилояти Курск беш аз 40 ҳазор нафарро аз даст доданд.
Боевая работа расчета гаубицы Д-30 группировки Центр. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия ду деҳаро дар вилояти Курск аз нерӯҳои украинӣ поксозӣ карданд
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.
Лентаи хабарҳо
0