https://sputnik.tj/20241211/artishi-rusiya-deharo-viloyati-kursk-ukraini-poksozi-1065478469.html
Артиши Русия ду деҳаро дар вилояти Курск аз нерӯҳои украинӣ поксозӣ карданд
Артиши Русия ду деҳаро дар вилояти Курск аз нерӯҳои украинӣ поксозӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳи Шимоли артиши Русия деҳаҳои Дарино ва Плеховоро аз нерӯҳои украинӣ озод намуданд
2024-12-11T19:16+0500
2024-12-11T19:16+0500
2024-12-12T17:54+0500
русия
дар русия
амалиёти вижа
украина
поксозӣ
деҳа
артиши русия
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/09/1065431087_0:0:3192:1796_1920x0_80_0_0_cce4127c2ffb2e5402b576bc828c3aaa.jpg
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Нерӯҳои Русия ду деҳаи марзии вилояти Курскро озод карданд, хабар медиҳад вазорати дифоъ."Дар ҷараёни амалиёт сарбозони гурӯҳи нерӯҳои шимолии артиши Русия маҳалҳои аҳолинишини Дарино ва Плеховоро озод карданд", - хабар додааст вазорат.Илова бар ин, нерӯҳои Русия ба мавқеъҳои 12 бригадаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар минтақаҳои Гуево, Лебедевка, Леонидово, Малая Локня, Мартиновка, Николаево-Дарино, Николское, Новоивановка ва Свердликово зарба заданд.Нерӯҳои ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ ба сарбозону техникаи душман дар минтақаҳои чаҳор мавқеи аҳолинишини вилояти Курск ва панҷ нуқтаи аҳолинишини вилояти Суми Украина зарба заданд.Талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар як шабонарӯз бештар аз 200 нафарро ташкил додааст.Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин."Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.
https://sputnik.tj/20241206/artishi-rusiya-shahri-kurakhovo-muhosira-1065402794.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/09/1065431087_183:0:2914:2048_1920x0_80_0_0_14f72ed25d6ac475061bd32870e9b276.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, артиш, курск, поксозӣ, вазорати дифоъ, украина, деҳа,
русия, артиш, курск, поксозӣ, вазорати дифоъ, украина, деҳа,
Артиши Русия ду деҳаро дар вилояти Курск аз нерӯҳои украинӣ поксозӣ карданд
19:16 11.12.2024 (Навсозишуда: 17:54 12.12.2024) Нерӯҳи Шимоли артиши Русия деҳаҳои Дарино ва Плеховоро аз нерӯҳои украинӣ озод намуданд
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Нерӯҳои Русия ду деҳаи марзии вилояти Курскро озод карданд, хабар медиҳад вазорати дифоъ.
"Дар ҷараёни амалиёт сарбозони гурӯҳи нерӯҳои шимолии артиши Русия маҳалҳои аҳолинишини Дарино ва Плеховоро озод карданд", - хабар додааст вазорат.
Илова бар ин, нерӯҳои Русия ба мавқеъҳои 12 бригадаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар минтақаҳои Гуево, Лебедевка, Леонидово, Малая Локня, Мартиновка, Николаево-Дарино, Николское, Новоивановка ва Свердликово зарба заданд.
Нерӯҳои ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ ба сарбозону техникаи душман дар минтақаҳои чаҳор мавқеи аҳолинишини вилояти Курск ва панҷ нуқтаи аҳолинишини вилояти Суми Украина зарба заданд.
Талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар як шабонарӯз бештар аз 200 нафарро ташкил додааст.
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.