Дар Тоҷикистон 15 кони нави металлҳои нодир кашф шуд

© Sputnik Добыча полезных ископаемых в Таджикистане
Добыча полезных ископаемых в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2024
Обуна шудан
Конҳои тозакашфшуда дар манотиқи шарқии Тоҷикистон воқеъ буда, барои иқтисодиёти мамлакат аҳамияти бузург доранд
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон 15 кони нави металлҳои нодир, аз ҷумла литий кашф шудааст.
Дар ин бора Мухтор Фозилзода, сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

"Дар Тоҷикистон ҳоло 15 кони нави металлҳои нодир, аз ҷумла литий кашф карда шуд, ки барои иқтисодиёти мамлакати мо ин захираҳо аҳамияти калон доранд", - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Мухторов, ин конҳо дар манотиқи шарқии кишвар, ки бо шароити душвори табиии худ маъруфанд, кашф шудаанд.
"Конҳо дар ҷойҳои дорои фаъолияти баланди геологӣ мутамарказ шудаанд ва дар натиҷаи кори мутахассисони ватанӣ мо тавонистем захираҳои зиёди металлҳои нодир, аз ҷумла литийро, ки барои соҳаҳои марбут ба батареяҳо ва дигар технологияҳои баландсифат муҳим аст, муайян кунем", - илова кард ӯ.
Нефтяные вышка в Татарстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2024
Русия ва Тоҷикистон мехоҳанд конҳои нафтро якҷоя азхуд кунанд
Вай афзуд, аз 118 элементи ҷадвали даврӣ дар қаъри Тоҷикистон беш аз 70-тоаш муайян шуда, 45-тоаш кашф шудааст, вале то ҳол 30 элемент истихроҷ ва истифода мешавад.
"Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи нуқра, бор, сурма, симоб, намаки сангӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ ва дигар маъданҳои фоиданок яке аз сарватмандтарин кишварҳои ҷаҳон мебошад", - гуфт Фозилзода.
Аз ҳама "бузургтарин ашёи нуқра" калонтарин Конимансур аст, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад: захираи умумии нуқра дар ин ҷо ҳудуди 57 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0