Русия ва Тоҷикистон мехоҳанд конҳои нафтро якҷоя азхуд кунанд

© Sputnik / Максим БлиновНефтяные вышка в Татарстане
Нефтяные вышка в Татарстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2024
Обуна шудан
Тоҷикистон ба Русия феҳристи конҳои ояндадори нафту гази ҷумҳурӣ барои коркарди муштарак ироа кардааст, ёдовар шуд сарвазири ҷумҳурӣ
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Тоҷикистон ва Русия имкони азхудкунии муштараки конҳои нафту гази ин ҷумҳурӣро баррасӣ мекунанд.
Ин мавзӯъро сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва муовини раиси ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.
"Мо ба ҷониби Русия рӯйхати конҳои ояндадори нафту гази Тоҷикистонро барои коркарди муштарак супоридем <…> Пешниҳод менамоем, ки барои амалӣ намудани лоиҳаи мутақобилан судманд дар ин самт кор идома ёбад",- гуфт сарвазир.
Ӯ қайд кард, ки Душанбе мулоҳизаҳои ҳамкасбони русро дар мавриди даромаднокии роҳандозии фаъолияти муштарак дар соҳаи коркарди конҳо ба инобат гирифтааст.
Дар навбати худ, Хуснуллин нияти Маскавро дар ин мавзӯъ тасдиқ кард.
Муовини раиси ҳукумати Федератсияи Русия таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кард, ки бояд бо тамоми масъалаҳои пешбинишуда, аз ҷумла азхудкунии конҳои мавҷуда ва конҳои нав машғул шуд.
Цистерны с нефтью. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2024
Тоҷикистон мехоҳад аз Эрон бо тахфиф нафт бихарад
Вай гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 28 кони нафт ба қайд гирифта шуда, захираҳои собитшуда беш аз 2 млн тоннаро ташкил медиҳанд. Дар ҷумҳурӣ инчунин 12 корхонаи коркарди нафт кор мекунад.
Тибқи иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ ҳудуди 18 ҳазор тонна нафт тавлид шудааст, ки барои таъмини корхонаҳои коркарди нафт кофӣ нест.
Ба ин муносибат ҷумҳурӣ маҳсулоти нафтиро аз хориҷа меорад. Таъминкунандаи аслӣ Русия аст - бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба бозори Тоҷикистон бо имтиёз, бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ворид мешавад.
Лентаи хабарҳо
0