Русия ба мактабҳои вилояти Суғд ду ҳазор китоби дарсӣ тақдим кард

© Foto / Русский Дом в Ходженте2 тысячи учебников получили школы Ходжента от Россотрудничества
2 тысячи учебников получили школы Ходжента от Россотрудничества  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2024
Обуна шудан
Русия ба мактаби рақами 18 ва литсейи Донишкадаи политехникии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд китобҳои нави дарсӣ тақдим кард
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Намояндагии Россотрудничество дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр 2 ҳазор нусха китобҳои дарсӣ ва бадеӣ ҳадя кард.
Дар ин бора ин ниҳоди давлатии Русия дар Telegram-и худ хабар нашр кардааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ба мачмуи адабиёти таълимӣ ва бадеӣ китобҳои дарсӣ барои хонандагони синфхои 5—11 — аз фанхои математика, забони русӣ, адабиёт, физика, химия ва биология, инчунин асарҳои классикони бузурги рус дохил будааст.
Дар маросими супоридани китобҳо раиси Хонаи рус дар шаҳри Хуҷанд Татяна Мудрова ширкат намуда, ба хатмкунандагон дар бораи квотаҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия пурра маълумот дод.
Книжная выставка в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2024
Аз Русия ба Тоҷикистон ҳазор китоб бо забони русӣ равон карда мешавад
"Дар шимоли Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ихтисосҳои техникӣ ба таври анъанавӣ зиёд аст, хонандагон мунтазам ба донишгоҳҳои техникии Русия дохил мешаванд", - қайд кард ӯ.
Мудрова изҳори умедворӣ кард, ки “дар оянда ин китобҳо ба кӯдакон дар идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои Русия кумак хоҳанд кард”.
Мактаби рақами 18 ва литсейи Донишкадаи политехникии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд китобҳои нав гирифтанд.
Дар ин муассисаҳои таълимӣ кариб 2,5 хазор нафар хонанда таҳсил мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0