Аз Русия ба Тоҷикистон ҳазор китоб бо забони русӣ равон карда мешавад

© SputnikКнижная выставка в Душанбе. Архивное фото
Книжная выставка в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2024
Обуна шудан
Аз Русия ба яке аз китобхонаҳои вилоятии Тоҷикистон ҳазор китоби бадеӣ ва илмию таълимӣ бо забони русӣ супурда мешавад
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Бо мусоидати Клуби дугонаҳои шаҳри Москва ҳазор адад китобҳои бадеӣ ва илмию таълимӣ бо забони русӣ гирдоварӣ карда шуда, бахшида ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба яке аз китобхонаҳои вилоятӣ ирсол карда мешаванд.
Дар ин бораи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ додааст.
Ба иттилои манбаъ, иқдоми мазкур барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, омӯзиши илмҳои муосир, огоҳӣ аз масъалаҳои илмиву амалии муҳаққиқон Русия дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки 4 сентябр бахшида ба Рӯзи китоб дар назди бинои нашриёти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон намоиш-фурӯши китоб доир мегардад.
Старейшая школа Худжанда получила новые учебники от Россотрудничества  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2024
Русия ба як мактаб дар Хуҷанд беш аз ҳазор китоб ҳадя кард
Тавре вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст, дар ин намоиш-фурӯши китоб китобҳои тозанашрашонро пешниҳод карда мешавад.
Инчунин хонандагон ва харидорони китоб имкон доранд, ки дар асарҳои харидаашон соядасти адибонро низ гиранд.
Ҳамзамон онҳо бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос ва ҳамсуҳбат шуда метавонанд. Шефтагони китоб инчунин метавонанд доир ба китобҳои тозанашр маълумоти муфассал пайдо намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 17 сол қабл, 4 сентябри соли 2007 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимият ва гиромидошти китоб, китобдорӣ ва китобхонӣ хишти аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузошта шуда, ин рӯз- 4 сентябр дар мамлакат Рӯзи китоб эълон гардид.
Лентаи хабарҳо
0