БАОР ҳаҷми сармоягузориҳояшро дар Тоҷикистон афзоиш медиҳад

© Sputnik Таджикские сомони на столе
Таджикские сомони на столе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2024
Обуна шудан
Вазири рушди иқтисод аз роҳбарияти Бонки АвруОсиёии Рушд хост Бонк маблағгузориҳояшро ба лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар афзоиш диҳанд
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар мулоқот бо Директори Бонки АвруОсиёгии Рушд дар Тоҷикистон Якунин Владимир, даъват кард, ки маблағгузории БАОР ба лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишварро зиёд намояд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, вазир ба хусус даъват кард, ки маблағгузориро ба соҳаҳои саноат, энеркетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ, савдо, маориф, тандурустӣ ва рақамикунонии иқтисоди миллӣ, бахусус рақамикунонии бизнес-ҷараёнҳо дар вазорат зиёд намоянд.
“Пешниҳодҳо вобаста ба зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҷониби Директори БАОР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудӣ пазируфта шуд”, - қайд кардааст вазорати иқтисод.
Қайд карда шудааст, ки дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро оид ба таҳияи лоиҳаҳои нави афзалиятноки соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус оид ба таъсиси кластери нассоҷӣ ва маркази логистикии муосир, инчунин ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд изҳор намуданд.
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2024
БАОР самтҳои асосии рушди иқтисоди Тоҷикистонро номбар кард
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта БАОР эълон карда буд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон 650 миллион доллар ҷудо мекунад.
Ба иттилои вазорати иқтисод, тибқи созишнома маблағ дар давоми се сол аз соли 2023 то 2026 дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0