https://sputnik.tj/20241204/spad-ijroi-barnomai-tahkimi-marzi-tojikiston-afghoniston-1065370488.html
СПАД ба иҷрои барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон шурӯъ мекунад
СПАД ба иҷрои барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон шурӯъ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли СПАД бовар дорад, ки дар манотиқи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марз дорад, теъдоде аз созмонҳои террористӣ ҳузур доранд.
2024-12-04T19:01+0500
2024-12-04T19:01+0500
2024-12-04T19:01+0500
дар тоҷикистон
спад
амният ва мудофиа
марз
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/11/1052187685_21:78:1280:786_1920x0_80_0_0_e2e44ffe05ab0ebfe2595298be31e1f6.jpg
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Иҷрои барномаи ҳадафманди таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон аз 1 январи соли 2025 оғоз мешавад.Дар ин бора Имангалӣ Тасмагамбетов, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) изҳор дошт.Ба гуфтаи ӯ, татбиқи он 5 солро дар бар мегирад.Тавре дабири кулли СПАД тавзеҳ дод, ин барнома аз се марҳила иборат аст: созмондиҳӣ, интиқоли аслиҳа ва техника барои Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, таҷҳизоти мукаммал дар тамоми хатти марз.Дар ҳамин ҳол, дабири кулл дар посух ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон афзуд, ки агар дар ин муддат коре ба натиҷа нарасад, Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ҳақ дорад, дар сурати зарурат, иҷрои ин барномаро тамдид кунад."Вазъият дар Афғонистон мӯътадил мешавад, ин хеле хабари хуб аст, аммо бо вуҷуди ин, хатарҳои марбут ба созмонҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир боқӣ мондаанд", - гуфт Тасмагамбетов.Вай ёдовар шуд, ки Толибон* ҳоло қисми зиёди ҳудуди Афғонистонро зери назорат доранд, вале шумораи террористон дар шимоли ин кишвар қариб ба 10 ҳазор нафар мерасад.Ба гуфтаи дабири кулл, вазифаи СПАД на бештар мубориза бо созмонҳои террористӣ, балки таъмини амният дар минтақаи масъулияти созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва андешидани чораҳои пешгирикунанда барои роҳ надодан ба ифротгароӣ аст.Барномаи таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон яке аз 14 санадест, ки барои имзои раҳбарони кишварҳои узви ин созмон, ки рӯзи 28 ноябр дар Остона баргузор шуд, омода шудааст.Он тадбирҳои мушаххасеро дар бар мегирад, ки ба таъмини амнияти қисми ҷанубии минтақаи масъулияти созмон нигаронида шудаанд.*-ин гурӯҳ барои амалҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
https://sputnik.tj/20241128/rahmon-sipos-guft-spad-marz-tojikistonu-afghonistonro-tahkim-1065306986.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/11/1052187685_143:0:1280:853_1920x0_80_0_0_c05dc5bd6884d88f7ec9bf256ec06f47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, марз, таҳким, афғонистон, спад, барнома, созмонҳои террористӣ
тоҷикистон, марз, таҳким, афғонистон, спад, барнома, созмонҳои террористӣ
СПАД ба иҷрои барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон шурӯъ мекунад
Дабири кулли СПАД бовар дорад, ки дар манотиқи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марз дорад, теъдоде аз созмонҳои террористӣ ҳузур доранд
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Иҷрои барномаи ҳадафманди таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон аз 1 январи соли 2025 оғоз мешавад.
Дар ин бора Имангалӣ Тасмагамбетов, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, татбиқи он 5 солро дар бар мегирад.
Тавре дабири кулли СПАД тавзеҳ дод, ин барнома аз се марҳила иборат аст: созмондиҳӣ, интиқоли аслиҳа ва техника барои Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, таҷҳизоти мукаммал дар тамоми хатти марз.
Дар ҳамин ҳол, дабири кулл дар посух ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон афзуд, ки агар дар ин муддат коре ба натиҷа нарасад, Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ҳақ дорад, дар сурати зарурат, иҷрои ин барномаро тамдид кунад.
"Вазъият дар Афғонистон мӯътадил мешавад, ин хеле хабари хуб аст, аммо бо вуҷуди ин, хатарҳои марбут ба созмонҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир боқӣ мондаанд", - гуфт Тасмагамбетов.
Вай ёдовар шуд, ки Толибон* ҳоло қисми зиёди ҳудуди Афғонистонро зери назорат доранд, вале шумораи террористон дар шимоли ин кишвар қариб ба 10 ҳазор нафар мерасад.
"Гурӯҳҳои террористӣ, ки дар онҷо ҳузур доранд, имрӯз барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари воқеӣ доранд", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи дабири кулл, вазифаи СПАД на бештар мубориза бо созмонҳои террористӣ, балки таъмини амният дар минтақаи масъулияти созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва андешидани чораҳои пешгирикунанда барои роҳ надодан ба ифротгароӣ аст.
Барномаи таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон яке аз 14 санадест, ки барои имзои раҳбарони кишварҳои узви ин созмон, ки рӯзи 28 ноябр дар Остона баргузор шуд, омода шудааст.
Он тадбирҳои мушаххасеро дар бар мегирад, ки ба таъмини амнияти қисми ҷанубии минтақаи масъулияти созмон нигаронида шудаанд.
*-ин гурӯҳ барои амалҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад