https://sputnik.tj/20241210/iiao-muboriza-naqz-molikiyat-zehni-purzur-mekunad-1065462440.html
ИИАО мубориза алайҳи нақзи моликияти зеҳниро пурзӯр мекунад
ИИАО мубориза алайҳи нақзи моликияти зеҳниро пурзӯр мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар ИИАО лоиҳаи Созишномаро дар бораи равишҳо ба нақзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет таҳия кард
2024-12-10T18:56+0500
2024-12-10T18:56+0500
2024-12-10T18:56+0500
ииао
интернет
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/0a/1065460243_0:69:1352:830_1920x0_80_0_0_781a8cdb51d7cb31e6c3f0a67a70b07f.jpg
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар фазои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мубориза бо мундариҷаи пиратӣ дар фазои иттилоотӣ пурзӯр мешавад. Бо ин мақсад лоиҳаи Созишнома дар бораи равишҳо ба нақзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар интернет таҳия шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО). Дар ин бора директори департаменти рушди соҳибкории КИАО Ернар Бакенов дар Форуми байналмилалии "Антиконтрафакт-2024" сухан гуфт.Вай тавзеҳ дод, ки ин санад масдуд кардани мундариҷаи ғайриқонунӣ, чораҳои масъулият барои соҳибони манобеъи иттилоотӣ ва миёнаравҳои иттилоотӣ, инчунин қатъи муҳаррикҳои ҷустуҷӯии нашри маълумот дар бораи захираҳои басташударо пешбинӣ мекунад. Бакенов изҳори итминон кард, ки татбиқи Созишнома истифодаи чораҳои муқоисашавандаро барои мубориза бо паҳншавии мундариҷаи пиратӣ дар интернет таъмин намуда, ба соҳибони ҳуқуқи муаллиф имкон медиҳад, ки асарҳои худро дар платформаҳои ҳуқуқӣ бехатар ҷойгир кунанд ва даромади мувофиқ гиранд. Ӯ аҳамияти рушди соҳаҳои эҷодӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар ИИАО -ро қайд кард.Қаблан хабар дода шуда буд, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё омода аст лоиҳаи озмоишии истифодаи ҳисобнома-фактураҳои байналмилалии нақлиётиро оғоз кунад. Интизор меравад, ки ин иқдом ба соддагардонии равандҳои дарёфт ва санҷиши ҳуҷҷатҳо ва коҳиши хароҷоти логистика ва назорат мусоидат хоҳад кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ИИАО.
https://sputnik.tj/20241209/sozishnomai-muvaqqati-tijori-mughuliston-iiao-imzo-1065441935.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/0a/1065460243_76:0:1276:900_1920x0_80_0_0_1a0478cc74eed6317b8f3e25fad53765.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао мубориза нақз моликияти зеҳнӣ пурзӯр
ииао мубориза нақз моликияти зеҳнӣ пурзӯр
ИИАО мубориза алайҳи нақзи моликияти зеҳниро пурзӯр мекунад
Дар ИИАО лоиҳаи Созишномаро дар бораи равишҳо ба нақзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет таҳия кард
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар фазои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мубориза бо мундариҷаи пиратӣ дар фазои иттилоотӣ пурзӯр мешавад.
Бо ин мақсад лоиҳаи Созишнома дар бораи равишҳо ба нақзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар интернет таҳия шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО).
Дар ин бора директори департаменти рушди соҳибкории КИАО Ернар Бакенов дар Форуми байналмилалии "Антиконтрафакт-2024" сухан гуфт.
Вай тавзеҳ дод, ки ин санад масдуд кардани мундариҷаи ғайриқонунӣ, чораҳои масъулият барои соҳибони манобеъи иттилоотӣ ва миёнаравҳои иттилоотӣ, инчунин қатъи муҳаррикҳои ҷустуҷӯии нашри маълумот дар бораи захираҳои басташударо пешбинӣ мекунад.
Бакенов изҳори итминон кард, ки татбиқи Созишнома истифодаи чораҳои муқоисашавандаро барои мубориза бо паҳншавии мундариҷаи пиратӣ дар интернет таъмин намуда, ба соҳибони ҳуқуқи муаллиф имкон медиҳад, ки асарҳои худро дар платформаҳои ҳуқуқӣ бехатар ҷойгир кунанд ва даромади мувофиқ гиранд.
Ӯ аҳамияти рушди соҳаҳои эҷодӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар ИИАО -ро қайд кард.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё омода аст лоиҳаи озмоишии истифодаи ҳисобнома-фактураҳои байналмилалии нақлиётиро оғоз кунад.
Интизор меравад, ки ин иқдом ба соддагардонии равандҳои дарёфт ва санҷиши ҳуҷҷатҳо ва коҳиши хароҷоти логистика ва назорат мусоидат хоҳад кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ИИАО.