https://sputnik.tj/20241209/sozishnomai-muvaqqati-tijori-mughuliston-iiao-imzo-1065441935.html
Созишномаи муваққатии тиҷорӣ миёни Муғулистон ва ИИАО ба имзо расид
Созишномаи муваққатии тиҷорӣ миёни Муғулистон ва ИИАО ба имзо расид
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Русия аз тақвияти ҳамкориҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо Муғулистон таъкид кард ва созишномаи муваққатии тиҷорӣ ба имзо расид
2024-12-09T19:59+0500
2024-12-09T19:59+0500
2024-12-09T19:59+0500
русия
дар русия
ииао
муғулистон
созишнома
имзо
тиҷорат
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1c/1063003522_336:157:1296:697_1920x0_80_0_0_b734d3d85006c21ea2f553e096771ad1.png
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Ҳукумати Русия созишномаи муваққатии тиҷорӣ байни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Муғулистонро ба имзо расонд.Ба иттилои хабаргузории РИА “Новости” фармони дахлдор дар сомонаи расмии ҳукумати Русия нашр шудааст."Мутобиқи банди 1 моддаи 11 Қонуни федералии "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Федератсияи Русия" лоиҳаи Созишномаи муваққатии тиҷорӣ байни Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва давлатҳои он, ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисоди Русия пешниҳод шудааст, тасдиқ карда шавад", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.Илова бар ин, муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук Созишномаи муваққатии тиҷории мазкурро аз номи Русия имзо мекунад ва дар ҳолати зарурӣ метавонад ба лоиҳа тағйироте ворид кунад, ки хусусияти бунёдӣ надоранд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Муғулистон ва Русия дар мавриди тавсеа ва рушди ҳамкориҳо ба тавофуқ расиданд.Эълон карда буданд, ки созишномаи муваққатии тиҷорати озод миёни Муғулистон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё моҳи декабри соли 2024 баста мешавад.Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
https://sputnik.tj/20240814/taqviyat-ravobit-iiao-mughuliston-sozishnoma-hamkori-imzo-1063940264.html
русия
муғулистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1c/1063003522_327:0:1323:747_1920x0_80_0_0_66027e50ba05bc4436b5c941fa9a576b.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ииао, муғулистон, ҳамкорӣ, тақвият, созишнома, имзо
русия, ииао, муғулистон, ҳамкорӣ, тақвият, созишнома, имзо
Созишномаи муваққатии тиҷорӣ миёни Муғулистон ва ИИАО ба имзо расид
Ҳукумати Русия аз тақвияти ҳамкориҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо Муғулистон таъкид кард ва созишномаи муваққатии тиҷорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Ҳукумати Русия созишномаи муваққатии тиҷорӣ байни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Муғулистонро ба имзо расонд.
Ба иттилои хабаргузории РИА “Новости” фармони дахлдор дар сомонаи расмии ҳукумати Русия нашр шудааст.
"Мутобиқи банди 1 моддаи 11 Қонуни федералии "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Федератсияи Русия" лоиҳаи Созишномаи муваққатии тиҷорӣ байни Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва давлатҳои он, ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисоди Русия пешниҳод шудааст, тасдиқ карда шавад", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Илова бар ин, муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук Созишномаи муваққатии тиҷории мазкурро аз номи Русия имзо мекунад ва дар ҳолати зарурӣ метавонад ба лоиҳа тағйироте ворид кунад, ки хусусияти бунёдӣ надоранд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Муғулистон ва Русия дар мавриди тавсеа ва рушди ҳамкориҳо ба тавофуқ расиданд.
Эълон карда буданд, ки созишномаи муваққатии тиҷорати озод миёни Муғулистон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё моҳи декабри соли 2024 баста мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.