https://sputnik.tj/20241210/duumin-archai-solinavii-kalontarini-tojikiston-nasb-1065445170.html
Маълум шуд, ки дуюмин арчаи солинавии калонтарини Тоҷикистон дар куҷо насб мешавад
Маълум шуд, ки дуюмин арчаи солинавии калонтарини Тоҷикистон дар куҷо насб мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар маркази шаҳри Хуҷанд барои рост кардани арчаи солинавӣ корро шурӯъ карданд
2024-12-10T11:54+0500
2024-12-10T11:54+0500
2024-12-10T13:38+0500
дар тоҷикистон
арча
соли нав
арчаи солинавӣ
суғд
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/09/1065445413_0:256:2730:1792_1920x0_80_0_0_d3f1880d9921fb7d69e7b3c2f5773dd9.jpg
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Барои иҷрои ин кор, ҳоло гурӯҳи кории ҳукуматӣ иборат аз сохтмончиёну барқкорони идораи ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ сафарбар шудаанд.Тавре аз ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, насби арча то се рӯзи дигар ба анҷом расонида шуда ба ин тартиб барномаҳои консертии соли навӣ шурӯъ аз 15 декабр баргузор хоҳанд шуд.Икром Юнусов, сармуҳандиси Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналииҳукумати Хуҷанд гуфт, арчаи имсола дар баландии 23 метр ва паҳноии 8 метр афрухта шуда, он бо лухтакҳо ва чароғакҳои рахшанда зеб дода мешавад.Ба ин тартиб маълум мешавад, ки ин арчаи Хуҷанд дуюмин арчаи солинавии калонтарин баъд аз арчаи шаҳри Душанбе дар Тоҷикистон хоҳад буд.Арчаи солинавии пойтахти Тоҷикистон ҳамасола дар баландии 28 метр ва паҳноии 13 метр рос карда мешавад.Бино ба иттилоъи масъулини ҳукумати Хуҷанд, қарор аст сар аз 15 декабр баргузории намоишнома ва чорабиниҳои фарҳангӣ ба истиқболи соли нави мелодии 2025 дар атрофи арча оғоз хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20241201/id-nazdik-dushanbe-archa-solinavi-oro-aks-1065331934.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/09/1065445413_0:0:2730:2048_1920x0_80_0_0_84b9a899d57d6d0ec1948e253135d826.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоыикистон, арча, соли навь, су-д, хуыанд, марказ, насб
тоыикистон, арча, соли навь, су-д, хуыанд, марказ, насб
Маълум шуд, ки дуюмин арчаи солинавии калонтарини Тоҷикистон дар куҷо насб мешавад
11:54 10.12.2024 (Навсозишуда: 13:38 10.12.2024) Дар маркази шаҳри Хуҷанд барои рост кардани арчаи солинавӣ корро шурӯъ карданд
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Барои иҷрои ин кор, ҳоло гурӯҳи кории ҳукуматӣ иборат аз сохтмончиёну барқкорони идораи ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ сафарбар шудаанд.
Тавре аз ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, насби арча то се рӯзи дигар ба анҷом расонида шуда ба ин тартиб барномаҳои консертии соли навӣ шурӯъ аз 15 декабр баргузор хоҳанд шуд.
Икром Юнусов, сармуҳандиси Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналииҳукумати Хуҷанд гуфт, арчаи имсола дар баландии 23 метр ва паҳноии 8 метр афрухта шуда, он бо лухтакҳо ва чароғакҳои рахшанда зеб дода мешавад.
“Арчаи солинавӣ ба мисли дарахти қадбаланди сӯзанбарг буда, дар болояш ситораи як метра дорад, ки давр мезанад ва ороиши он аз солҳои қаблӣ боз ҳам зеботар хоҳад буд” – гуфт сармуҳандис.
Ба ин тартиб маълум мешавад, ки ин арчаи Хуҷанд дуюмин арчаи солинавии калонтарин баъд аз арчаи шаҳри Душанбе дар Тоҷикистон хоҳад буд.
Арчаи солинавии пойтахти Тоҷикистон ҳамасола дар баландии 28 метр ва паҳноии 13 метр рос карда мешавад.
Бино ба иттилоъи масъулини ҳукумати Хуҷанд, қарор аст сар аз 15 декабр баргузории намоишнома ва чорабиниҳои фарҳангӣ ба истиқболи соли нави мелодии 2025 дар атрофи арча оғоз хоҳад шуд.