https://sputnik.tj/20240814/taqviyat-ravobit-iiao-mughuliston-sozishnoma-hamkori-imzo-1063940264.html
Тақвияти равобити ИИАО бо Муғулистон: Кай созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасад?
Тақвияти равобити ИИАО бо Муғулистон: Кай созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасад?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Муғулистон мегӯяд, ки музокирот дар бораи имзои созишномаи савдои нафт ва маҳсулоти нафтӣ дар ояндаи наздик ба анҷом мерасад
2024-08-14T17:49+0500
2024-08-14T17:49+0500
2024-08-14T17:49+0500
русия
дар русия
муғулистон
ииао
авруосиё
нафт
бозори нафт
сӯзишворӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/0d/1063917298_0:63:3072:1791_1920x0_80_0_0_f21cd8f0db43977452c22cce7b851d3c.jpg
ДУШАНБЕ, 14 август — Sputnik. Муғулистон ва Русия дар мавриди тавсеа ва рушди ҳамкориҳо ба тавофуқ расиданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати Муғулистон.Ба иттилои манбаъ ин тавофуқ дар мулоқоти сарвазири ин кишвар Лувсаннамсрайн Оюун-Эрдэнэ ва вазири захираҳои табиӣ ва муҳити зисти Русия Александр Козлов баррасӣ шуд.Зимни мулоқот тарафҳо таъкид намуданд, ки ният доранд равобит дар бахшҳои истихроҷи маъдан, энергетика ва нақлиёти автомобилӣ тақвият диҳанд.Ҷонибҳо дар мулоқот қайд карданд, ки музокирот дар бораи созишномаи байни ҳукуматҳои Муғулистон ва Русия дар бораи тиҷорати нафту маҳсулоти нафтӣ дар ояндаи наздик ба анҷом мерасад.Аммо созишномаи муваққатии тиҷорати озод миёни Муғулистон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё моҳи декабри соли 2024 баста мешавад.Инчунин, мутахассисони Русия МБГ-3-ро, ки бо ангишт кор мекунад бозсозӣ мекунанд. Дар чаҳорчӯби тарҳи бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ дар рӯдхонаи Эгийн Гол, ки ба шохоби бузургтарини кӯли Байкал - дарёи фаромарзии Селенга ҷорӣ мешавад, гурӯҳи кории мутахассисони Муғулистон ва Русия таъсис дода мешавад.Қаблан Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ба мувофиқа расида буданд, ки дар рушди долонҳои нақлиётӣ ҳамкорӣ кунанд.
https://sputnik.tj/20240813/afzoishi-sarmoyaguzori-mutaqobil-kishvarhoi-iiao-1063921566.html
русия
муғулистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/0d/1063917298_284:0:3016:2048_1920x0_80_0_0_cc18155fbbf6e90ecc2fa48d630d7fc8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, русия, муғулистон, созишномаи ҳамкорӣ, имзо, маҳсулоти нафтӣ, савдои нафт
ииао, русия, муғулистон, созишномаи ҳамкорӣ, имзо, маҳсулоти нафтӣ, савдои нафт
Тақвияти равобити ИИАО бо Муғулистон: Кай созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасад?
Ҳукумати Муғулистон мегӯяд, ки музокирот дар бораи имзои созишномаи савдои нафт ва маҳсулоти нафтӣ дар ояндаи наздик ба анҷом мерасад
ДУШАНБЕ, 14 август — Sputnik. Муғулистон ва Русия дар мавриди тавсеа ва рушди ҳамкориҳо ба тавофуқ расиданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати Муғулистон.
Ба иттилои манбаъ ин тавофуқ дар мулоқоти сарвазири ин кишвар Лувсаннамсрайн Оюун-Эрдэнэ ва вазири захираҳои табиӣ ва муҳити зисти Русия Александр Козлов баррасӣ шуд.
Зимни мулоқот тарафҳо таъкид намуданд, ки ният доранд равобит дар бахшҳои истихроҷи маъдан, энергетика ва нақлиёти автомобилӣ тақвият диҳанд.
Ҷонибҳо дар мулоқот қайд карданд, ки музокирот дар бораи созишномаи байни ҳукуматҳои Муғулистон ва Русия дар бораи тиҷорати нафту маҳсулоти нафтӣ дар ояндаи наздик ба анҷом мерасад.
Аммо созишномаи муваққатии тиҷорати озод миёни Муғулистон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё моҳи декабри соли 2024 баста мешавад.
Инчунин, мутахассисони Русия МБГ-3-ро, ки бо ангишт кор мекунад бозсозӣ мекунанд. Дар чаҳорчӯби тарҳи бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ дар рӯдхонаи Эгийн Гол, ки ба шохоби бузургтарини кӯли Байкал - дарёи фаромарзии Селенга ҷорӣ мешавад, гурӯҳи кории мутахассисони Муғулистон ва Русия таъсис дода мешавад.
Қаблан Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ба мувофиқа расида буданд, ки дар рушди долонҳои нақлиётӣ ҳамкорӣ кунанд.