Чаро гурезаҳои афғонистонӣ аз Тоҷикистон ихроҷ шуданд: посух аз раҳбари ҷамъият

© Sputnik / Sertac KayarАфганские беженцы. Архивное фото
Афганские беженцы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2024
Обуна шудан
Раҳбари ҷамъияти афғонистонии “Ориёно”-и Тоҷикистон Абдумусавир Баҳодурӣ масъалаи ихроҷи паноҳандагонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Ҷамъияти афғонистонии “Ориёно” дар Тоҷикистон вазъи ихроҷи паноҳандагонро, ки қонунро нақз кардаанд, назорат мекунад.
Дар ин бора Абдумусавир Баҳодурӣ, раиси ин созмон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Вай зикр кард, ки "Ориёно" дар робита ба ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон ба мақомоти Тоҷикистон дархост ирсол карда, масъулон хабар доданд, ки ихроҷи ин афрод барои овардани назми беҳтар ва назорат аз татбиқи қонуни паноҳандагон сурат гирифтааст.
“Дар натиҷа иддае аз афроди қонуншикан ба далели барҳам задани назм ҷомеа дастгир ва ба панҷаи қонун супурда ва пас аз такмил шудани парвандаҳояшон теъдоде аз онҳо депорт шудаанд. Ин раванд то ба ҳол идома дорад ва боиси нигаронии муҳоҷирини афғони муқими Тоҷикистон гардидааст”, - гуфт Абдулмусаввир Баҳодурӣ.
Вай афзуд, дар аввалин рӯзи дастгирии муҳоҷирин замоне, ки Кумитаи муҳоҷирини “Ориёно” аз мавзӯъ огоҳ шуд, раҳбарии ин кумита талошҳои зиёде ҷиҳати ҳалли ин мавзӯъ анҷом дода, нигаронии шадиди хешро бо мақомоти муҳоҷират ва сохторҳои амниятии Тоҷикистон, дафотири Созмони Милал ва дигар шахсиятҳои таъсиргузор баён доштанд.
“Мо ёдовар шудем, ки муҳоҷирини Афғонистон кишвари Тоҷикистонро ҳамсояи неку ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанги худ дониста, аз зулму истибдоди Толибон фирор намуданд ва худро ба домони ин кишвар паноҳанда сохтаанд. Ва ихроҷ шудани онҳо ба Афғонистон, ки Толибон* дар он ҳокиманд, хеле хатарнок аст ва эҳтимол дорад боиси аз даст рафтани ҷони баъзе аз онҳо шавад”, - гуфт номбурда.
Қаблан яке аз ин ихроҷшудаҳо ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки Толибон* фақат ҳудуди 10 ихроҷшударо иҷозаи вуруд ба хоки Афғонистон дода, ҳудуди 60 нафари дигарро дар як боздоштгоҳ дар гузаргоҳи марзии Шерхон Бандар нигоҳ медоранд ва ба онҳо гуфтаанд, ки шумо аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, нерӯи мухолифи Толибон* ҳастед.
Афганские беженцы. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2024
Ихроҷи навбатии шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистон
Дар бораи далоили боздошту ихроҷи муҳоҷирини Афғонистон аз Тоҷикистон, Абдулмусаввир Баҳодурӣ гуфт, онҳо ба хотири риоят накардани масоили фарҳангиву иҷтимоӣ, гузоштани риши дарозу бетартиб, пӯшидани либосҳои бегона, ки ба худи мардуми маҳал манъ аст, боздошт шудаанд.
“Истеъмоли духониёт (банг), нӯшидани алкогол ва гаштугузор дар ҳолати мастӣ дар соҳоти таҷаммӯъ ва паркҳо, ҷангу ҷанҷолу эҷоди беназмӣ дар маҳалли зист, баҳсу суҳбатҳои сиёсии бемаврид дар телефонҳо, интишори матолиб дар сафаҳоти исҷтимоӣ ва лайки матлабҳои ифротиву террористӣ, ришвадиҳиву миёнаравӣ дар ришвадиҳӣ, таблиғи ифротияту динситезӣ ва ташвиқи дигарон, ки дар Тоҷикистон мамнуъ мебошад, низ аз мавориди дигаранд”, - гуфт Баҳодурӣ.
Вай афзуд, дар бахшҳои мухталиф афғонҳои мо бидуни доштани аснод ё тайи мароҳили иҷозатномаи кор масруф коранд, ки дар Тоҷикистон ҳатто барои шаҳрвандони худашон бидуни мадраки расмӣ ва пардохти молиёт иҷозаи кор дода намешавад.
“Мардумозориву азияти, махсусан табақаи занони кишвари мизбон аз сӯи баъзе ҷавонони камтаҷрибаи мо ва даст доштани як теъдод дар пулшӯӣ ва фурӯши амволи мамнуъа дар дӯконҳои марбутаашон низ боиси бадномӣ ва ҳам ихроҷи афғонҳо шудааст”, - гуфт раҳбари “Ориёно”
Вай аз паноҳандагони Афғонистон дар Тоҷикистон хост, мавориди зикршударо, ки дар кишвари Тоҷикистон мамнуъ аст, ба назар бигиранд ва бидонанд, ҳар шахсе, ки даст ба ин корҳо бизанад қонуншикан талаққӣ шуда, аз сӯи ниҳодҳои кашфӣ ва амниятӣ дастгир ва бо онҳо бархурди ҷиддӣ ва қонунӣ сурат мегирад.
“Кумитаи муҳоҷирини “Ориёно” бо ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон танготанг дар гуфтугӯ ва муфоҳима аст, то роҳеро барои ҷилавгирӣ аз депорти афғонҳои муҳоҷир дар ин шароити ҳассос дарёбад”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, кишвари мизбон барои он муҳоҷирин, ки побанди усул, муқаррарот ва қавонини ин кишвар ҳастанд, эҳтироми мутақобил дорад ва онҳо метавонанд ҳеч гуна нигаронӣ дар худ роҳ надиҳанд.
Учения ОДКБ Кобальт-2024 в Новосибирске  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2024
СПАД бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мубориза хоҳад бурд
“Кишвари мизбон бо додани корти паноҳандагӣ барои онҳо иҷозаи иқома ва зиндагии баробарро дар канори шаҳрвандони худ додааст. Шарти муҳим ин аст, ки бо қавонин, русум ва фарҳанги ин кишвар эҳтиром гузоранд ва роҳат зиндагӣ кунанд”, - гуфт раиси Кумитаи муҳоҷирини “Ориёно”.
Вай аз паноҳандагони Афғонистон дар Тоҷикистон хост, ки бо пулис ва мароҷеъи амниятии кишвари мизбон ҳамкор ва ҳамеша мутаваҷҷеҳи рафтори фарзандону аъзои хонаводаашон бошанд, то назми ҷомеаро барҳам назананд.
Бино ба иттилои Идораи муҳоҷирати Созмони Милали Муттаҳид, дар Тоҷикистон ҳудуди 10 ҳазор паноҳанда аз ҷумлаи шаҳрвандони Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Соли 2022 Тоҷикистон ҳудуди 200 нафари онҳоро ба далели нақзи қавонини будубоши кишвар ихроҷ карда буд.
Лентаи хабарҳо
0